Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди воқеаҳои моҳи апрел, ки ба қавли мўйсафед шарр ғолиб омад, ў нияти ба мактаб рафтан ҳам надошт.
– Чӣ фардо ба мактаб намеравед, бобоҷон?
– Ҳоло рав, то фардо вақт бисёр ягон фикр мекунем,– гуфт мўйсафед ва боз саргарми кори хеш шуд.
Суман боз ба тарафи хона рафт ва лаҳзае пас мўйсафед дар сояи дарахти себ нишаста, айнак ба чашм гузошта қоғаз аз ҷайб бароварда ба он чашм дўхт:

Муҳтарам Гул Набӣ!
Шуморо ба иди Занги охир, ки рўзи 25–майи соати 1000 дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ба номи Икроми Қаландар баргузор мегардад, таклиф мекунем.

Директори мактаб Зулфиқоров.

Мўйсафед чанд лаҳза хомўшона ба қоғази дар дасташ буда назар кард. Даъватнома дар мошинкаи чопӣ навишта шуда буд ва танҳо номи Гул Набӣ бо қалам. Маълум мешавад, ки Қаландари Фаттоҳ ва муридонаш ба мардум нишон доданианд, ки ҳеҷ гап нашудааст, мактаб чи хеле, ки буд ҳамин хел ба номи Икроми Қаландар мондааст ва ҳатто роҳбарият мўйсафеди падари Шодиро ҳам ба базми хурсандӣ таклиф намудааст. Қоғаз вуҷуди мўйсафедро сўхт, ки онро пора–пора карда, ба ҷўйбори об партофт. Тайи чанд рўзи охир мўйсафед аз шаҳр, аз худи прокуратураи генералӣ даъватномаро интизор буд ва дар ин нисфирўзӣ аз мактаб даъватнома гирифт аз мактабе, ки бадбинонаш ба он номи қотили писарашро гузоштаанд. Не, ў то ҷон дар рамақ дорад баҳри ҳақиқат талош хоҳад кард. Муҳимаш он ки муфаттиш Атоев ўро бо Холи Зард рў ба рў намояд, пас ў чи гуфтанашро медонад. Эй авлоди Зарифи ҷандапўш то тухми шумо аз мактаб гум нашавад, мардум осуда нахоҳанд шуд!
Мўйсафед ба ёд овард, ки дар давоми биступанҷ соли сарвари мактабро ба душ доштани Бахтакиён нуҳ маротиба директори мактаб дигар шуд, вале аз рўйи эстафета онҳо ба ҷойи директори азкоррафта, боз нафареро аз ҳамин авлоде, ки аз мору мўр зиёдтаранд, ба ин мансаб пешбарӣ менамуданд. Бахтакиён аз асп фароянд ҳам аз узангу нафаромада буданд ва мактаб чун мероси бобояшон чоряк аср дар хизмати онҳо буд.

пешина
аз 558
навбатӣ