Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ду сар то субҳ гала дар кўҳу камар мегашт ва дар куҷо будани шумо ҳам аҳамият надошт. Оё беҳтар набуд, ки дар он шаби тор дар хона нишаста, пагоҳи ба сари гала мерафтед?
– Ҳар як кор нозукиҳои худро дорад. Галабон ҳам на бояд аз гала дур бошад, дар чунин шароите, ки ҳама ман мегўянд.
Аксари мардум аз рўзи ногузар ба чӣ корҳое даст намезананд.
Дуздидани аспе аз гала барои чунин ашхос душворие ҳам надорад, агар онҳо фаҳманд, ки галабон шабона дар хаймаи чўпонӣ нест. Барои ҳамин ба сари гала рафтам. Бояд рўйирост иқрор шуд, ки дили банда аз Абдуллои Самарқандӣ ҳам пур набуд.
Субҳ ҳам мешуд ба сари гала равам, вале дар назди хайма асперо лангар карда будам ва маҳз ба ҳамон хотир ба сари гала рафтам.
– Дар ҳамон шаби тор аз куҷо фаҳмидед, ки Абдуллои Хокироҳ дар хаймаи чўпонҳост.
– Ў ба куҷойи дигар мерафт? Ба ҷуз хаймаи чўпону галабон ҷойи мерафтагӣ ҳам надошт. Чанд соли охир дар кўҳу камари Тоҷикистону Афғонистон мегашт. Човандози хубе шуда буд ва аз асп дил канда наметавонист. Ҳамон субҳ ў ҳамроҳи ман аз сари гала омад, вале дар роҳ ба тарафи хаймаи Назрӣ Раҷаб рафт. Ман бошам ба деҳа омадам. Аз чи бошад, ки дилам ором нашуд. Гуфтам, ку як асп дар паҳлуи хайма дар тавила буд. Хавотир аз ҳамон асп шуда, ба дери вақт нигоҳ накарда аз хона баромадам. Сари роҳ ба хаймаи Назрӣ Раҷаб даромада хостам фаҳмам, ки Абдулло ҳаст ё не ва чун ўро наёфтам, роҳамро давом дода, то пеши хаймаи худ рафтам. Он аспро дар ҷояш дида, нафаси осуда кашидам. Худро бар он мазамат намудам, ки беҳуда аз Абдулло гумонбар шудам. Шабро рўз намуда, галаро ҷамъ намуда ҳисоб кардам. Ҳамаи гала дар ҷояш буд ва ман осуда шудам. Аз чи бошад, ки дигар Абдулло хам наомад. Гумон кардам, ки ў боз ба ягон тарафи дигар рафтааст. Ман ҳам дигар ўро ба гўшаи фаромўшӣ додам.
Чун он рўз дар сари чашмаи дараи Мухтор бо Назрӣ Раҷаб вохўрдам аз ҳодисаи ба сари Абдулло омада огоҳ шудам.
Намедонам, кадом худобехабар ба чунин кори нангин даст задаст. Акнун ба ман рухсати рафтан диҳед.
– То ман ба ҳамаи саволҳои хеш ҷавоб нагирам, ба шумо чунин имкониятро намедиҳам.

пешина
аз 558
навбатӣ