Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди ин машварати авлодӣ, ки чун «съездҳои аввалини РКП /б/» дар шароити ғайрилегалӣ мегузашт, қосиди хешро ба назди Қаландари Фаттоҳ фиристоданд…
Аз шунидани ин суханон Қаландар Фаттоҳ ашки шодӣ рехт, ба қосид гуфт, ки ҳеҷ боварӣ надорад, ки мактабро ба номи Икром гузоштан имконият дошта бошад.
– Охир, вай мўйсафеди беимон Гул Набӣ то рўзе дар рўйи замин по мегузорад, маро ором нахоҳад гузошт,– аз дарду алам шикоят кард Қаландари Фаттоҳ.
Қосид, ки аз рўйи ирсият дар хунаш аз Бахтакиён мерос дошт, чи кор карданашро нағз медонист ва ба ў муяссар шуд, ки Қаландари Фаттоҳро ба назди худи раиси ҷамоату дўсти ў раиси ноҳия фиристад. Онҳо ҳам сараввал чӣ кор карданашонро намедонистанд ва роҳбари Бахтакиёнро ки директори мактаб буд, ба суҳбати хеш хонданд…
Бахтаки калонӣ (директорро мардум чунин ном мебурданд) раисҳоро бовар кунонд, ки Гул Набӣ на танҳо рақиби авлоди онҳо, балки бадгўйи худи раисҳо ҳам ҳаст. Раиси ноҳия ҳам чанд бор шарбати суханони сермурчу қаланфури Гул Набиро чашида буд ва сари пешниҳоди директори мактаби Роғ андеша намуда, ба хулосае омад, ки худи коллективи мактаб тарафдори акаи қиёматиаш ҳаст. Пас чаро ў онро тарафдорӣ накунед?
Қаландар дар танҳоӣ ваъда дод, ки агар ҳамин кор иҷро шавад, дар шаҳр барояш як ҳавлии калон харида медиҳад.
– Майлаш, ман розӣ,– гуфт раиси ноҳия ва ба директору раиси ҷамоат баҳри иҷрои ин амал супориш дод. Ва чи хеле раиси ноҳия хост ҳамон хел шуд, мактабро ба номи Икроми Қаландар гузоштанд. Қаландари Фаттоҳ ҳам чун мард дар суханаш истода, ба қавли хеш вафо кард, ҳавлии кори калонеро харида ба раиси ноҳия туҳфа намуд, вале…
Ба даст афтодани Холи Зард ва дар Роғ пайдо шудани муфаттиши прокуратураи генералӣ Атоев дили ҳамаи ин командаи фиребгарро ки аз сиёҳ сафед сохтанд ба ларза овард.
Раиси ноҳия ба директор занг зада чораи корро ҷуст.
– Ҳамааш нағз мешавад,– гуфт Бахтаки калонӣ ва ба паҳн кардани овозаҳои бардурўғ сар кард.
Суман ҳамаи он овозаҳоро мешунид, вале дар даҳон об гирифта буд.

пешина
аз 558
навбатӣ