Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хоҳшмандам муҳтарам Ҳусейновро ба назди телефон даъват мекардед.
– Он кас нестанд, метавонед баъди соати 18 занг занед.
Агар омад чӣ гўем?
– Беҳтараш худро азоб надиҳед, ман боз занг мезанам,– гўён Абдумаҷидов гўшакро ба ҷояш гузошт.
Майори милиса қоғази сафедро болои миз гузошта, бо ҳарфҳои хоно нақшаю чорабиниҳои сафари дар пеш истодаро рўйи қоғаз овард. Ў нақшаю чорабиниҳои сафари дар пеш истодаро рўйи қоғаз оварда, чун боварӣ ҳосил кард, ки ягон чизро фаромўш накардааст, қоғазро чорқат карда, ба ҷайб андохт.
Ба соат нигариста фаҳмид, ки аз лаҳзаи аз назди Воҳид Камол баргаштанаш як соат сипарӣ шуда, ҳеҷ не ки Ҳусейнов аз хеш дарак диҳад…
Ҳар кор як тартиби муайяни хешро дорост аз ҷумла интизорӣ ҳам. Интизории тўлонӣ ба ҷонаш кора кард магар, ки инони ихтиёр аз даст дода аз ҷой бархест.Чун ба берун омад чашм бар осмон дўхт. Офтоб рў ба ғуруб ниҳода буд. Аз чи бошад, ки ў сафари чанд рўз пеш ба водии Сангвор доштаашро ба ёд овард. Аз рўйи ривоятҳое, ки ҳангоми зиёрати мақбараи Бурхи Сармасти Абдоли Валӣ шунид мақбараи мазкур маҳз дар ҳамин муддат яъне аз тулўъ то ғуруби офтоб бино шудааст.
Аз назди бинои милиса дур шуда истода, сараввал майли ба тарафи истгоҳ рафтанро намуд, вале чизе ба ёдаш расиду самти ҳаракаташро дигар намуда ба тарафи дигари роҳ гузашта, саргарми андешаҳои хеш қадаммониашро давом дод.
Аслан ў саҳфаи ҳаритаи сафарашро ба Сангвор варақгардон намуд.
Он рўз чун мардуми таҳҷойӣ мақсаду мароми ўро фаҳмиданд, ба вай фаҳмонданд ҳар кас, ки мақсади зиёрати Бурхи Сармасти Абдоли Валиро дошта бошад, сараввал бояд мақбараи ҳазрати Алловудинро зиёрат намояд. Аз ин рў, ў ба самти қишлоқи Лангари боло ҳаракат намуд.
Рўзи дигар гоҳ пиёдаю гоҳ савора то ба қишлоқи Боршуд омад. Дар роҳ чун ў мардони ба зиёрат мерафтагӣ ҳам бисёр буданд ва аз зиёрат баргаштагиҳо ҳам кам набуданд. Он чи ки ў аз забони мардум шунид худ нишонае аз рўзгор ва зиндагиномаи ин марди ориф буд, ки Ҳақтаъоло ба хотираш як дўзахро аз байн рабуда: -

пешина
аз 558
навбатӣ