Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Саг беист аккос мезад ва ў маҷбур шуд, ки овоз диҳад ва чун саг овози соҳибашро шунида хомўш шуд, ў даст ба тугмачаи занги болои дарвоза бурда, онро пахш кард. Лаҳзае пас чароғи барқии айвони хона равшан шуд ва ў қадамонии ҳамсарашро ки барои кушодани дарвоза меомад, шунид…
... 42 …
«Ба ҷанҷоли зану шавҳар остонаи хона механдад». То субҳ аз ҷанҷоли дишаба дар фазои хонаи Тўйчӣ Ҷалол ғуборе намонд. Баробари дамидани субҳ ва чирик – чирики гунҷишкон Лола базўр аз оғўши гарми шавҳар хўдро раҳониданӣ шуд, вале дастони бақувват ва мустаҳками мард, ки дар камарбандаш чун ҳалқаи занҷир тоб хурда буданд, ба бархостанаш имконият намедоданд. Зан баъди як ду талош фаҳмид, ки аз ҳалқаи занҷир ба осонӣ халос хурда наметавонад худ низ дастонашро дар гардани шавҳар ҳалқа кард ва…
«Ҷудо шуд ҳалқаи симин бо як бўсаи ширин19»…
Вақте ки Лола дар ошхона машғули тайёр намудани хўроки субҳ буд Зафарҷон аз гаҳвора овоз баланд кард ва Тўйчӣ Ҷалол дилу бедилон аз ҷой бархеста, сари гаҳвора рафт ва онро ба ҷунбиш овард.
Дар сари дастархон ниҳоят шавҳар пурсид: – Намеравем?
– Ба куҷо?
– Ба Деҳбаланд, ба зодрўзи бобои Зафарҷон.
– Хайрият бобои Зафарҷонро ҳам ба ёд меовардаед? Ҳеҷ бовар намекунам, ки ҳамон марди пурозори дирўза ин гапҳоро мегўяд.
– Дирўз ба ҳамааш салавот гуфтем ва чи лозим коҳи куҳнаро аз нав бод кардан.
– Ин хел бошад, меравем.
– Ба фикрам дар ягон таксӣ равем беҳтар будагист.
– Ихтиёр шуморост, дадош.
Чун фотеҳа хонданду дастархонро бардоштанд, Тўйчӣ ҳамсарро ҳушдор сохт, ки омодаи сафар шаванд. Худ бошад аз хона берун рафта, автомашинаи «Камаз»– ро ба истгоҳи пулакии наздиктарин монда, сари қадам ба бозор даромад ва баъзе майдачўйдаҳо гирифт ва таксиеро савор шуда ба хона омад. Дар роҳ ба ў муяссар шуд, ки ронандаи таксиро барои то ба Деҳбаланд рафтан розӣ кунонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор