Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Субҳи имрўз баъди хабарҳои гирифтааш нозири минтақавӣ Давлатхўҷаи Маҳмадро назди хеш хонд ва нисбат ба кору бораш пурсон шуд. Лейтенанти ҷавон ҳам оид ба корҳояш дар чанд рўзи охир ҳисобот дод. Бе ягон суоли иловагӣ ба сардори милиса муяссар шуд, фаҳмад марому мақсади милисаи аз шаҳр омадаро. Аз он ки Назрӣ Раҷабро ба милисаи ноҳияи Гулистон даъват намуданд, ў ба хулосае омад, ки дар милисаи ноҳияи Гулистон корҳо бо як тартиби муайяне пеш рафта истодаанд ва ба воситаи Назрӣ Раҷаб онҳо метавонанд то худи Қосими Асад ва аз Қосими Асад то ба Тўйчӣ Ҷалол бароянд. То нисфи шаб галабон наомад ва ин аввалин маротибае буд, ки ў Самандари Сармад шикасти хешро дарк кард, фаҳмид, ки галабон ҳам аз ў канораҷўйӣ мекунад. Хост дар бораи гум шудани автомат ба вазорат телефонограмма диҳад, вале дар лаҳзаи охир аз райъаш гашт. Ҳар чи бодо бод, боз ду– се рўз сабр кардан лозим гуфт.
Рафтори имшабаи ў мақоли халқии «То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст» – ро мемонд. Гўшакро бардошта ба навбатдор супориш дод, ки автомашинаи хизматиаш тайёр шавад ва аз ҷой бархеста чароғро хомўш карда берун баромад…
Дар рўшноии чароғи барқиӣ пеши дар ў ба навбатдор, ки баҳри гуселаш баромада буд, баъзе супоришҳо дода, сипас аз зинаҳо ба поён ҳаракат кард. Ронанда, ки аллакай муҳаррикро ба кор дароварда буд, дари қафои автомашинаро кушода ўро бо иззату икром ба нишастан таклиф кард. Чун шеф ҷойи хеш гирифт ронанда дарро пўшида, аз пеши автомашина гузашта омада ба сари чанбарак нишаст ва мунтазири фармони навбатӣ шуд.
– Ба Сафедорон, амр кард Самандари Сармад.
– Ба Сафедорон бошад, ба Сафедорон,– чун ҷавобак такрор намуд сухани шефашро ронанда ва автомашинаро ба ҳаракат даровард.
«Ба Сафедорон рафта чӣ кор мекунӣ? О, мефаҳмӣ, ки дар ин нисфи шаб ба хонаи мардум рафтан аз рўйи одоб нест. Рафту галабон дар хонааш набошад чӣ? Ягон ҳақу ҳамсоя бинад, ки дар нисфи шаб автомашинаи «Волга»- и ҷанобашон назди хонаи галабон, ки худаш дар хонааш нест истодааст, чӣ фикр мекунанд? Медонӣ, ин ба чи оварда мерасонад? Сардори милиса шуда наход ҳамин чизи одиро нафаҳмӣ» – нидо дод аз қалбаш хайр.

пешина
аз 558
навбатӣ