Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ба он кас гўшт лозим будааст ё пўст?
– Ҳамааш. Аз баъзе ҷонварҳо гўшташ аз дигар намудаш бошад пўсташ.
– Чӣ аз байнатон ягон гурбаи сиёҳ гузашт?
– Гузашт, занак, гузашт ва акнун аз ў муддате дуртар будан лозим.
– Оё наметарсӣ, ки боз ин рафторат балои сари худамон нагардад.
– Намегардад, ба ман бовар намо.
– Бовар кардам, вале то ҳанўз фаромўш накардаам, ки ту чи хел се аспро ба сардори милиса туҳфа кардӣ.
– Туҳфа аз куҷо? Охир агар он се аспро ман намедодам, имрўз мумкин таги дар, паси дарвозаи зиндон барои вохўрӣ бо банда навбат мепоидӣ.
– Агар ақлатро кор мефармудию галаро чошу пош намекардӣ, ҳоҷат ба додани аспҳо ҳам набуд. Ту метавонӣ маро гунаҳкор накунӣ, чунки ман ҳеҷ гоҳ на соҳиби куртаи нағз шудаму на шикамам мисли мардумон сер.
– Аз ҳад гузарондӣ занак. Ту чи магар кадом вақте гурусна мондӣ?
– Медонӣ чӣ?
– Ман пайхас мекунам, ту чи гуфтанӣ. Боз ҳамон коҳи куҳнаро бод карданӣ. Ҳамааш дурўғ аст. Наход гумон кунӣ, ки ман дар шаҳр зан дошта бошам.
– Чаро дурўғ будааст? Агар шамол набошад шохи дарахт намеҷунбад ва он ҳашт асп ҳам ба ҷиғилдони ҳамон беваи шаҳрият рафтанд. Ту чи хаёл мекунӣ, ки ман чизеро намедонам, афсўс дар хотири ҳамин се бачаи кўчак дармондаам, вагарна…
– Астағфурилоҳ гўй занак. Мебинам, ки ба васвасаи шайтон дода шудаӣ. Астағфурилоҳ гўй.
– Ту мефаҳмӣ, ки кўдакон бисёр нозукбинанд, оё беҳтар набуд, ки онҳоро аз рафторҳои пасипардагиат худат шинос мекардӣ. Онҳо чи гуноҳ доранд, ки нисфи луқмаи хеш ба дигар кас медоданд. Зимистонро бо як ҷуфт мўзаи резинии дарида баҳор карданд. Худат бошӣ кару фарат дар осмон аз қафои калонҳо ва хушомад задани онҳо. Магар ба мард ҳамин кор зебанда аст?
– Серҷоғ шудаӣ занак. Ман аз қафои касе надавидам. Ту ки дар хона нишастаӣ аз куҷо донӣ, ки дар дунё чӣ гапу хабарҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор