Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

«Ана, боз ин падарлаънати дигараш ҳам аз тараққиёти илми тиб ўро огоҳ кард. Тарзе гап мезанад, ки гўё ман марди самарқандиро ба қатл расонида бошам. Маро аз кадом як милисаи шаҳрӣ метарсонад. Гумон дорад, ки банда ҳеҷ гоҳ милисаро надидам. Вай милисаи шаҳрии ту кист, ки маро метарсонӣ. Лозим шавад ҳам худат ва ҳам он милисаи шаҳриятро боб мекунам. Магар ягон бор милиса ба худат ягон чизашро бовар карда додаст? Не, шояд пурсӣ, ки ба ман чиро бовар намудааст?
Мефаҳмӣ яроқ чист? Балоро мефаҳмӣ? Аз қафои рама шуда худат ҳам ҳайвон шуда рафтаӣ. Набошад, агар ақлат мебуд ба милиса мегуфтӣ, ки Абдуллои Самарқандиро як рўз пеш аз марги кампири Иқбол дидам. Аз рўйи як гапи бемулоҳиза шуда, ба шаҳр меравӣ ва як ҳафта сарсону саргардон мегардӣ.
Албатта, дар милиса саратро навозиш намекунанд. Се – чор шатта, ки хурдӣ, ҳамаашро ҷон – ҷон гуфта медиҳӣ. Маро ҳам мефурўшӣ, бехабар аз он, ки банда гуноҳе ҳам надорам, вале агар Самандари Сармад аз ин варта берун ояд ҷаҳанамро ҷоят мекунад. Ту Назрӣ Раҷаб то ҳоло бо собуни Самандари Сармад ҷомашўйӣ накардаӣ. Аз кайк талаби пўст дорад. Ў на танҳо порадеҳ, балки порагири гузаро ҳам ҳаст. Ду сол пеш чун фаҳмид, ки дар галаи ман ҳашт сар асп намерасад, бо роҳи шантаж аз ман се сар аспро гирифт ва боз гуфт, ки дар муддати як моҳ гала ҷо ба ҷо бошад. Дигар аз дасти ин милисаи тамаъкор на хирс монду на пўсти хирс. Рафту агар дуои ин ҷонварони бегуноҳ назди Худованд қабул шаваду ў ин даъфа сарашро хурад, чӣ хуб, вагарна ў сари ҳардуи моро хоҳад хурд»…
... 36 …
Вай мардаки шилқин ду бор боз ба суроғат омад, баробари вориди хона гаштани шавҳар хабар дод зан.
– Хайр омада бошад осмон ба замин нарасидааст–ку.
– Агар бори дуюми омаданаш ман ўро аз остона намерондам, ҳоло бо чашми худ медидӣ, ки чи хел осмон омада ба замин расидааст.
– Чӣ вай ягон сухани ноҷо гуфт?
– Гуфт.
– Чӣ хел?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор