Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аз куҷо гирифтӣ, ки ба ягон ҷо нарафтааст.
– Дирўз дар деҳа будам ва ҳамроҳи нозири минтақавии худамон Давлатхўҷаи Маҳмад як милиса аз шаҳр ба суроғи ман омада буд. Ана ҳамон милиса гуфт, ки субҳи 26 апрел аз соҳили дарёи Сароб ҷасади мардеро ёфтаанд, ки дар тан либоси ҳарбӣ ва дар пой муза доштааст. Ҳамчунон аз бозуи дасти чапаш як бозубанди нуқрагини дар рўяш калимаи «Дуньё» кандакоридашуда ёфт шудааст. Ёд дорӣ Абдулло ҳамон бозубанди нуқрагинро ба ману худат нишон дода гуфта буд, ки ин ёдгорӣ аз апааш аст ва дар он номи апааш сабт шудааст.
– Ҳа, дар ёдам ҳаст. Наход гумон намоӣ, ки ман ба Сароб рафта, ўро кушта омадам.
– Ман ҳеҷ гумон надорам. Абдуллоро ба гумон аст, ки дар Сароб ҳам кушта бошанд.
– О шаф – шаф накарда мағзи гапро гўй, модоме ки ўро дар Сароб накушта бошанд, пас дар куҷо куштаанд?
– Ўро ҳамон шабе куштанд, ки худат ба суроғаш ба хаймаи ман омадӣ.
– Эй бисёр налақ, ман рўзҳои 25,26 апрел умуман ба назди худат наомада будам.
– Медонам, вале он шабе худат ба суроғи Абдулло омадӣ медонӣ кадом рўз буд?
– Аз куҷо донам? Аз паси ҳайвон гашта қариб худамон ҳам…
– Ман бошам медонам.
– Хайр медониста бошӣ кадом рўз буд?
– Шаби 12 ба 13 апрел буд.
– Аз куҷо фаҳмидӣ, ки шаби 12 ба 13 апрел буд?
– Ҳамон шабе худат омадӣ, субҳи рўзи дигараш аз деҳа нафаре омада гуфт, ки кампири Иқбол бандагии Худоро ба ҷо овардааст.
– Ва ҳамин чиз дар ёди худат монд?
– Албатта не.
– Модоме ки дар ёдат набудааст, пас чаро бо боварӣ мегўйӣ ки шаби 12 ба 13 апрел ман ба суроғи Абдулло омада будам?
– Дирўз ҳамон милисаи аз шаҳр омадагӣ, ҳа ана, фамилияш ҳам ба ёдам омад, майори милиса Абдумаҷидов, ана ҳамон Абдумаҷидов дар рафти пурсиш аз ман хоҳиш кард, ки ба ёд биёрам, кай бори охирон Абдуллоро дидам.

пешина
аз 558
навбатӣ