Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Не, то пагоҳ мо ягон корро ба сомон расонида наметавонем. Ва чӣ лозим ин қадар саросемагӣ? Мо ку ба ягон ҷо кучиданӣ рафтанӣ нестем?
– Ба куҷо ҳам мерафтем? Магар мо метавонем манзили Шодӣ ҷунро партофта равем.
– Рафтанӣ, ки набошем ҳафтаи дигар бегоҳи ҷумъа.
– Наход то фардо имконият набошад?
– Шумо мардҳо ҳеҷ гоҳ мо занҳоро намефаҳмед. Акнун бигу ки ин як даҳон нонро ба кадом мақсад доданиед, онро чӣ гўем.
– Оши худоӣ.
– Чӣ хел оши худоӣ?
– Дар ёдат бошад дар деҳи ҳамсоя Шоназари Наим ва Амруллои Дод ном мўйсафедон буданд ва онҳо ҳар сол оши худоии хешро бо дасти худ медоданд.
– Ҳа, дар ёдам ҳаст, Худо ҷояшонро ҷаннат кунад, мардони беозор буданд. Мумкин дар ин маҳаллаҳои гирду атроф мисли бобои Шоназар марди хушқироат нагузашта бошад.
– Акаи Шоназар дар ҳақиқат марди хоксор буд.
– Аз куҷо ин фикр имрўз дар ёдат зад, ба ҳар ҳол то ҳафтаи оянда сабр кардан лозим меояд.
– Агар фардо мешуд, бисёр хуб мешуд. Ҳоло аз айлоқ говро оварда мекушем, ордро дар байни ҳамсояҳо тақсим мекунем ва то бегоҳ ҳамааш тайёр мешавад.
– Чи илоҷ модоме ки то ҳафтаи оянда сабр карда натавонӣ, ман хам розӣ,– аз ҷой бархест кампири Анор ва набераро барои овардани падару модараш фиристод. Ба ин мардак чӣ бало расида бошад, ё хоби мурданашро дидааст…
… 35 …
Галабон аспсавор аз кўҳ фаромада истода, дар сари чашма
Назрӣ Раҷабро дид. Тайи як моҳи охир ў аслан аз чўпон канорҷўйӣ мекард ва ҳоло ҳам агар аз дур мефаҳмид, ки Назрӣ Раҷаб дар сари чашма аст, самти ҳаракаташро дигар менамуд, вале баробари аз тарафи дигари ёл баромаданаш чўпон ўро дид…
– Ҳа Назрибой оби чашмаро ёд кардаӣ?– ҳамин хел аз асп нафаромада баъди салом пурсид галабон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор