Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз чи бошад, ки дили Воҳид Камол ба прокурор ҳам сўхт.
Ў имрўз аз баромади Ҷўраев ба хулосае омад, ки худи прокурор ҳам як умр бозичаи дасти дигарон будааст ва агар бозича намешуд ҳеҷ гоҳ ба ҳимояи банда намехест, зердасташро намефурўхт. Аз чунин баромади пурмутҳаво ҳазорон бор хомўшӣ беҳтар буд, мисли оне ки раиси ноҳия об ба даҳон гирифт…
Сардори ШКД, ки ҳамагӣ чор моҳ боз ин вазифаро ба дўш дошт, ҳоло бисёр чизҳоро намефаҳмид, ў намефаҳмид, ки бархе аз онҳое ки баҳри курсии мансаб талош доранд ба чи ифлосиҳое қодир нестанд, агар лозим шавад на ў, балки модари зорашонро ба хотири мансаб мефурўшанд. Не, ин чизро Воҳид Камол намефаҳмид, чунки ғайри ихтиёри худ аз забони ростгўяш сари мансаб омада буд ва ҳамаро мисли хеш медонисту аз фисқу фасоди замона фориғ буд…
Занги телефон садо доду ў аз байни андешаҳояш берун омад. Чилим ҳам сўхта тамом шуда буд, вале дудаш хавои хонаро ғуборолуд карда. Телефон боз занг зад, вале Воҳид Камол гўшакро набардошт. Ў оҳиста аз ҷой бархест ва назди тиреза рафта онро кушод, то бўйи ғализи тамоку берун барояд. Телефон занг мезад, вале ў хомўшу беҳаракат назди тиреза рост меистод…
... 34 …

– Отаи Шодӣ.
– Ҳа, чӣ буд,– чашм кушода пурсид Гул Набӣ.
– О, рўзи сафед шуд, намоз қазо мешавад, мисли мурда хуфтаӣ,– ба ҳуҷум гузашт кампири Анор.
– О, Худо бигира бедоркарданота.
– Боз чӣ балот зад.
– Шодӣ ҷуна дар хоб дидум.
Кампири Анор офтобаро ба замин гузошта пурсид, канӣ гап зан Шодӣ ҷун чӣ гуфт.
– Ба гап ҳам нарасидам занак, вале Шодӣ ҷунро дар либоси сабз дидам. Агар дод намезадӣ ў ба тарафи ман меомад, шояд ягон гап ҳам мегуфт. Эй Худо бигира овозта занак. Пир шудию аз ҷоғидан намондӣ.

пешина
аз 558
навбатӣ