Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 33 ...

Муддаӣ хост, ки аз бех канад решаи мо,
Ғофил аз он, ки Худо ҳаст дар андешаи мо.

Аз об хушк баромадани Воҳид Камол на ба ҳама хуш омад.
Баъди чор рўзи дар толори маҷлисгоҳи ШКД гирифтани шаҳодатномаи хизматӣ бархе аз кормандони оперативӣ аз Вазорат гурўҳи махсусе барои санҷиши аризаю шикояти меҳнаткашон ба милисаи ноҳияи Гулистон омад. Ҳамчунин ба гурўҳи мазкур намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Прокуратураи генералӣ ҳам шомил буданд.
Гурўҳи мазкур тайи се рўз ҳолати ба қайдгирии арзу шикоятҳои меҳнаткашонро дар ШКД–и ноҳияи Гулистон санҷида баромада, бо бархе аз кормандону шаҳрвандон вохўрда, фикру ақидаи хешро дар маҷлиси оперативӣ, ки оид ба ҷамъбасти санҷиш баргузор гардид, баён намуданд. Роҳбари гурўҳ сардори ситоди Вазорат, полковники милиса Аҳмадов маҷлисро ҷамъбаст карда истода қайд намуд, ки дар ҷойе кор ҳаст албатта камбудӣ ҳам ҳаст ва рафти санҷиш нишон дод, ки дар милисаи ноҳияи Гулистон корҳо на ба он дараҷа паст ва баданд, ки Ҳукумати ҷумҳуриро ба иштибоҳ андозӣ. Аҳмадов гуфт, ки санҷиши мазкур бо супориши вазири корҳои дохилӣ сурат гирифта, баҳри нуқта гузоштан ба он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба ҳайати гурўҳи корӣ даъват карда шуданд, то худ ба рафти корҳо шинос шуда, ба он баҳои хеш диҳанд.
Ҳамаи ин суханонро Аҳмадов баҳри он гуфт, ки ба маҷлис раиси ноҳия Собир Ғайбуллоевич Мустафоев ва прокурори ноҳия Аъзам Ғаниевич Ҷўраев даъват шуда буданд. Ҳарчанд Аъзам Ғаниевич аз ин масъала қариб хабар надошт ва танҳо рўзи омадани гурўҳ аз ин кор хабардор шуд, вале ба гумон буд, ки ин кор бе такони Собир Ғайбулоевич рух дода бошад. Шояд ў гумон дошт, ки аз ИВС гурехтани Ҷангиев ва Сой пеш аз ҳама сари ин капитани қайсарро мехўрад ва ў кӣ будани хешро нишон медиҳад, вале ҳамааш баръакс шуд.

пешина
аз 558
навбатӣ