Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Шояд Дунё дар бораи бародар бо собиқ ҳамсабақаш аз сўзу гудози дил нақл намуда буд ва маҳз ўро ҳамчун вакили хеш ба милиса фиристод. Аз нақли Амонуллои Султон Абдумаҷидов ҳаминро фаҳмид, ки Абдуллои Хокироҳ қурбони чоҳи кандаи хеш шудааст ва маҳз ҳамин ҳолатро ҳангоми ҷустуҷў милиса бояд ба инобат гирифта, дар атрофи ҳамин назария кор намояд. Субҳи имрўз вақте ки охирин ситораҳо дар осмон чашмак мезаданд, ў аз хона баромад ва баробари ба истгоҳ омадан аз куҷое ҳамин автомашина пайдо шуд.
Ронанда, ки марди аз гармою сармои зиндагӣ бохабар буд, дар ин субҳи солеҳон ўро дар истгоҳ дида, худ автомашинаро маън намуда пурсид, ки мусофир ба кадом тараф рафтанист.
Чун Абдумаҷидов бепарвоёна ба кадом тараф рафтанашро гуфта дод, чунки ҳеҷ боварӣ надошт, ки автомашина ба ҳамон тараф меравад ронанда ўро ба нишастан таклиф намуд. Ҳамин тариқ зиёда аз якуним соат ў бо ронанда ҳамсафар аст. Аммо ҳар кас байни андешаҳои худ. Автомашина бошад бо тамоми суръат даштҳои Файзободро паси сар менамуд. Шамоли форам ба ҷисму ҷон ҳаловат мебахшид. Хаёлоти ширини ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов чун парасту дар фазои Файзобод дар парвоз…
… Дар солҳои донишҷўйӣ, ки ба бистсолаи охири садаи бистум рост меомад, ў даштҳои Файзободро тавассути самолёти АН – 2 паси сар мекард. Умуман, аз Душанбе то зодгоҳаш Сағирдашт ҳамагӣ як соат роҳи ҳавоӣ буд. Рейсҳо ҳам кам набуданд. Дар як рўз се маротиба рейсҳои асосӣ ва агар лозим мешуд, боз рейсҳои иловагӣ ҳам медоданд. Дар тамоми хатти парвоз фазои Файзобод ягона ҷое буд, ки АН – 2 –ро ба «рақс»
медаровард. Вале мусофирони дохили самолёт аз ин рақсҳои бенизом ҳатто наметарсиданд. Мегуфтанд, ки дар ҳар сурат Худо нишон надиҳад, вале агар ҳодисаи фавқулодае рух диҳад, самолёт ҷойи нишасташро меёбад.
– Бори якум аз ин роҳ мегузаред?– хомўширо вайрон карда пурсид ронанда.
– Не.
– Модоме чунин аст пас бигўед, кадом вақт аз минтақаи Файзобод гузаштан мехоҳед?
– Ба тарафе, ки ҳозир меравем субҳгоҳон, вале дар бозгашт бегоҳирўзӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор