Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар шаҳр аллакай тинҷӣ, қонун амал мекунад, вале кадом як қумандоне барои манфиати шахсии хеш ба ҳамаи ин туф кардагӣ. Модоме ки худи қумандон бо ин амали хеш обурўйи давлатро паст мекунад, пас аз зердастони ў чи суд?
Зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад ва ғайриихтиёр инсон бо онҳо дучор меояд. Ҳар он чи ки дар зиндагӣ мебинем, дар ҳама форматсияҳои ҷамъиятӣ, сохти давлатдорӣ буданд, ҳастанд ва мемонанд. Чунончи ҳеҷ гоҳ савор парвои пиёда надоштааст, серро парвои гурусна набудааст, пас чаро қумандон парвои кадом як мактаб мекардааст. Шиори чунин ашхос аслан «як рўз бошу хурўс бош» будагист вагарна кӣ дидааст, ки бе ягон салому калом бе навбат ду соат мардумро пеши дарвозаи завод нигоҳ дорӣ.
Тўйчӣ Ҷалол сари ин масъала андеша намуда, боз ҳамон Бориқи харро пеши назар овард. Дар ҳақиқат рафтори имрўзаи қумандони ношинос аз рафтори Бориқи хар хубтар набуд.
Даҳҳо автомашина дар пеши дарвозаи заводи хишт навбат поида шиштанд, то кай қумандон корашро буд карда аз завод мебарояд.
Тўйчӣ Ҷалол аз хурдӣ нисбат ба дуздҳо як нафрати беандозае дошт ва вақте, ки тақдир ўро бо Бориқи хар рў ба рў кард фаҳмид, ки дуздон мардуми на он қадар баданд, чунки кореро агар анҷом доданӣ шаванд, вақту соати муносибро интизор мешаванд, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки касе онҳоро набинад ва ё ба чашми касе нанамоянд, ба қавле онҳо ҳам аз Худо ва ҳам аз бандагони Худо шарм медоранд. Ҳамчуноне ки аъзоёни бюрои сиёсӣ аз мағозаи махсус истифода мебурданд аз чашми мардум дуртар. Ва он чи ки бо ў Бориқи хар раво дид дар ягон чорчубаи қонун намеғунҷид. Баъди ин магар ў метавонад ки нисбати дузд нафрат дошта бошад?
– Ҳаргиз.
Рафтори Бориқи хар ин роҳзании рўйирост буд ва аз дуздӣ то роҳзани чандин фарсах роҳ будааст. Қумандон низ имрўз бо як рафтори ноҷойи хеш ҳамаи аъзоёни бюрои сиёсиро ба як нўл зад. Ў на танҳо ба чашми навбатнишастагони пеши дарвозаи завод, балки ба чашми худи давлат хок пошид ва ронанда Тўйчӣ Ҷалол ба хулосае омад, ки то чунин фардҳо сари хеш нахуранд аз роҳи хеш барнахоҳанд гашт.

пешина
аз 558
навбатӣ