Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Воҳид Камол ҳам, албатта, мефаҳмидагист. Метавонед ба ў занг зада, вазъи корро фаҳмонед.
– Беҳтар мешуд, ки ин тарафи масъаларо ба дўши хеш мегирифтед.
– Майлаш ман розӣ, вале бо телефон не, маҷбурам, ки худам наздашон равам.
– Ихтиёр шуморост.
Майори милиса Абдумаҷидов аз утоқи кории сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ рост ба қабулгоҳи Воҳид Камол рафт. Котиба танҳо баъди фикрашро болои қоғаз чоп намудан ба ҷумла нуқта гузошта, гуш ба матлаби ў дод.
– Ба назди шеф,– гуфт Абдумаҷидов.
– Он кас нестанд, аниқтараш даҳ дақиқа пеш ба Вазорат рафтанд.
– Кай меоянд?
– Надонам, вале омаданашон ба гумон.
– Чӣ хел омаданашон ба гумон?
– Чӣ шумо хабар надоред?– дар навбати худ суол дод котиба.
– Хабари чӣ?
– Он чи ки Ҷангиев ва Сойро дастгир намуданд.
– Не, кай дар куҷо?
– Дар Ёвон.
– Ана гапу мана гап.
– Як зиёфат шумо қарздор.
– Қабул,– гўён Абдумаҷидов аз қабулгоҳ баромад. Ў ба шуъбаи навбатдорӣ даромада, бори дигар ба дурусти хабари аз котиба шунидааш боварӣ ҳосил кард ва боз ба назди сардори бахш баромад.
Наврўз Умар ўро дида гуфт:
– Хушхабаре дорам.
– Медонам.
– Аз кӣ фаҳмидӣ?
– Аз Зўҳро.
– Зўҳро ҳам бало, ман бошам гумон кардам, ки ба ҷуз худам ва навбатдор дигар касе аз ин кор огоҳ нест.
– Фаромўш накунед, ки Зўҳро дасти рости Воҳид Камол аст.
– Дасти рости Воҳид Камол на Зўҳро, балки Фарҳод Азамат,– бо заҳрханда гуфт Наврўз Умар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор