Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Он кас ҳоло дар ҳамин ҷо?
– Кӣ?
– Ҳамон милисаи гуфтагиатон?
– Не.
– Рафту…
– Гуфтам– ку не, наход бовар накунед.
– Чаро худаш наомад?
– Яроқро– ку ман гум кардам ва худам бояд аз варта берун оям.
– Агар ин кор ба шумо муяссар нашавад чӣ?
– Ман боварӣ дорам, ки шумо маро мефаҳмед ва барои як роҳзан шуда…
– Милиса бар хилофи қонун амал карда, ба шумо яроқ дод, бехабар аз он, ки ҳодисае рух доданаш мумкин. Агар ин корро дигар кас мекард гап набуд, вале худи ҳомии қонун оне, ки мардумро ба роҳи рост даъват мекунад, худ бар болои қонун пой гузошт, акнун бигузор ҷазояшро бинад. Он дўсти шумо милиса не, санги сари қабр ҳам не, балки санги рўйи роҳ аст ва санги рўйи роҳро гирифта партофтан гуноҳ не, балки савоб аст.
Ман намедонам чаро чунин ҳомиёни қонуншикан то кунун дар ҳифзи қонунанд? Рав ба дўстат ҳамин гапи бандаро гўй. Он шаби наҳси гуфтагии худат ман дар роҳ касеро вонахўрдам.
Агар лозим шуморад ба милиса муроҷиат намояд, вагарна ман худам ҳозир ба милиса меравам ва ниқоб аз рўйи дўстат мебардорам.
– Телба нашавед бародар. Сабур бошед. Аз сабру тоқат то кунун касе зиён надидааст, ки шумо.
– Оё шумо фикр намекунед, ки чи хел ҳодисаи рухнадодаро ман ба души хеш гирам.
– Худат гумон дорӣ, ки дар ҳамин шароит ёфтани як автомат душвор аст?
– Албата душвор
– Хатто мекунӣ бародар. Ёфтани автомат барои ману худат душвор, вале барои ҳомии қонун душворие надорад. Ҳаррўза дар асоси Фармони Президент «Оид ба халъи силоҳ» милисаҳо яроқ ёфта месупоранд. Оне ки яроқро ихтиёрӣ месупорад аз ҷазо озод мегардад, вале оне ки аз супоридани яроқ саркашӣ мекунад, дар сурати дарёфт намудани яроқ аз ў аз болояш кори ҷиноятӣ оғоз мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор