Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Аҷиб ин Қосимаш кӣ бошад? Лаънатӣ навиштааст, ки дар бораи шинохтанаш андеша накунам, чунки ў маро мешинохтааст. Мумкин тайи як моҳи охир аз қафои банда маълумотнома ҷамъ намуда гаштааст. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест.
Ҳастанд дар дунё нафароне, ки шантаж ягона воситаи рўзгузарониашон гаштааст. О, аз маълумотнома гирд овардан беҳтар набуд, ки роҳзанро ки имрўз ба суроғаш баромадааст аз кўйи бад бармегардонид».
Зафарҷон аз гаҳвора овоз дод ва бинобар он ки Лола дар хонаи шафт буд, ў маҷбур шуд, ки ҳамагуна нидоҳои дар қалбаш ба туғён омадаро хомўш созад ва аз пайи нидои зиндагӣ, ки он давомдиҳандаи умри одамист, бархезад…
… 26 …
Аз он чи ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, майори милиса Абдумаҷидов дар суҳбат бо Воҳид Камол гуфт, ки бояд камбудиҳои хешро худамон бартараф намоем ва дастнигари дигарон нашавем, сардори ШКД каме ҳам бошад осуда шуд.
Воҳид Камол сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврўз Умарро наздаш хонда супориш дод, ки майори милиса Абдумаҷидовро дигар ба гурўҳи ба дидбонгоҳҳо мерафтагӣ дохил накунад, то ў аз пайи ҷустуҷўйи қотилони Абдуллои Хокироҳ гардад.
– Дар ин ҷо Абдумаҷидов ба гумон аст, ки кореро ба сомон расонида тавонад,– посух дод Наврўз Умар.
– Чӣ хел ба гумон аст, ё шумо рафиқ Умаров аз зердастон боварӣ надоред?
– Ман ҳаргиз ин хел нагуфтам, рафиқ капитан. Абдумаҷидов дар кори хеш мутахассиси беҳтарин аст, вале ўро лозим меояд, ки аз пайроҳаи мақтул ақаллан боре гузар намояд.
– Какая проблема?
– Охир аз ҳудуди ноҳия баромадан бе рухсати сардори раёсат мумкин нест.
– Ба ин тарафи масъала шумо кордор нашавед, модоме гуфтам бигузор аз пайи кор шавад.
– Рухсатии хизматӣ ҳам гирад?
– Албатта. Охир ў аз пайи кори шахсиаш намеравад– ку.
– Кай бояд ба сафари хизматӣ барояд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор