Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Мепурсам, мепурсам, –гуфта аз ҷой бархест мўйсафед.
Мисли оне, ки тири аз камон ҷастаро баргардонида ва оби аз кўза рехтаро бардоштан имкон надорад, кампири Анор ҳам азми мўйсафедро дида, аз гуфта пушаймон шуд. Ў ҳарчанд сади роҳи шавҳар шудан хост, вале чизе аз дасташ наомад. Мўйсафед асояш дар даст аз ҳавлӣ баромад…
– Ё тавба аҷаб замонае шуд, кўр ҳам зад, кал ҳам зад, пасмонда кулўх ҳам зад. Ҳама мурданду сағираи Ғоиб ҳам муҳокимагари банда шуд. Гўё ман аз шармандагиам аз хона намебаромадам, ҳоло ист ба ту шармандагиро нишон медиҳам тирмизак.
Мўйсафед зери лаб ғур – ғуркунон ба тарафи мактаб ҳаракат дошт. Кампири Анор, ки ба суханони Суман дода шуда, шавҳарро хафа кард ва ин танҳо аввали кор буд, чунки ў хулқу атволи шавҳарро нағз медонист дид, ки агар чорае наандешад дар ин синну сол шавҳараш ягон касро хафа карданаш мумкин, бинобар ин аз дарвоза берун шуда Суманро ҳамроҳи Наргис дида набераро ба хона ҷеғ зада чизе гуфт.
Мўйсафед, ки сари андешаҳои пурпечутоби хеш ба тарафи мактаб равон буд, ҳатто чанд бор бобоҷон, бобоҷон гуфтани набераашро хам нашунид. Ҷавоне аз пеш баромада ба мўйсафед салом дода, гузашта рафтани буд, ки фарёди духтарчаро шунида мўйсафедро аз роҳ боз дошта гуфт, ки духтараки фатиламўе мўйсафедро ҷеғ зада истодааст. Ҳарчанд мўйсафед дар дигар фикру хайёл буд, вале сухани он ҷавони боадабро ба замин нагузошта, лаҳзае пас гашта истод.
Дар ин асно овоздиҳанда ниҳоят наздик омад ва боборо аз нав ово намуд.
– Чӣ гап, ҷони бобош?– Суманро дида пурсид мўйсафед.
– Бибиам мурд, – бо овози гирифта ва чашмони ашкбор гуфт Суман.
– Чӣ гуфтӣ?
– Бибиҷонам мурд,– ҳунгосзанон гуфт Суман.
– Чӣ хел мурд?
– Ҳамин хел, паси дарвоза афтиду мурд.
– Ту худат дидӣ?
– Не, ман афтиданашро надидам, вақте ки аз кўча ба ҳавлӣ даромадам, бибиам саҳни ҳавлӣ афтидагӣ буд, ҳарчанд вайро бардоштам наҷунбид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор