Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пиразан ба ёд овард оғози зиндагии хешро.
Вақте ки Гул Набӣ ҷавони аз ҳама зебои деҳ, ки даҳҳо духтарони Роғ орзуи арўси ў шуданро доштанд, ба талаби ў баромад, ҳама ангушти ҳайрат газиданд. Охир дар байни ҳашт – даҳ духтари роғӣ, ки ҳамсинну соли Анор буданд, Анор дар ҳусну малоҳат дар зинаи поён меистод. Ҳамаи ин як тараф истад, қаду қомати Анор нисбат ба домод хело паст буд. Он солҳо аслан фикри домод ҳам он қадар ба инобат гирифта намешуд, вале ба падару модари домод муяссар шуд, ки Гулмаҳмадро барои издивоҷ бо ҳамин духтараки резапайкар розӣ кунонанд. Ҳафтае пеш аз тўй модараш ҳодисаеро баҳри арўси оянда нақл кард.
… Дар яке аз деҳаҳои дурдасти кўҳистон ситораи зани ҷавон бо ҳамсар ҳеҷ рост намеомад. Чун зан мебинад, ки агар чорае наандешад, шавҳар рўзе ўро аз хона пеш мекунад. Як рўз дар набудани шавҳар ҳамроҳи хушдоманаш назди муллои деҳ меравад. Ба ҷойи арўс хушдоманаш нақл мекунад, ки писараш баҳудаю беҳуда келини бечораашро зери мушту лагад мегирад.
Майлаш, дар берун сабр кунед,– мегўяд домулло ман ҳозир тумор навишта медиҳам. Пас аз андак вақт ў он зан ва хушдоманашро назди хеш хонда, қоғази секунҷаи қаткардашудаеро ба дасташ медиҳад ва мегўяд, ки онро накушода се рўйпўш намоед. Сипас, ҳар вақте ки шавҳаратон бо ягон баҳона даст ба саратон бардошт, онро ба даҳон гирифта бо дандонҳоятон зер намоед. Асло садо набардоред. Иншоолоҳ ҳамааш нағз мешавад.
Ҷавонзан фармуди домуллоро ба ҷо меорад. Худи ҳамон бегоҳ шавҳараш лакоту хаста аз кор омада, бо баҳонае даст ба сари ҳамсар мебардорад. Зан оҳистакак тўморро зери дандон мегирад. Мард мебинад, ки ҳамсар мисли рўзҳои пешин ба сари ў теғу табар нагирифта (суханони носазо нагуфта) хомўш аст, ҳатто аз даст ба гиребон шудан худдорӣ мекунад. Ин ҳодиса тайи як ду моҳ такрор меёбад, вале зан ба ҷуз тўморро ба зери дандон гирифта, хомўш нишастан чорае надорад. Мард мебинад, ки ҳамсараш хулқу атволи пештараашро фаромўш намудааст, сухани шавҳарро намегардонад дигар ўро носазо намегўяд, ҳайрон мешавад ва сабаби рафтори ҳамсарро фаҳмидан мехоҳад.
Дар интиҳо зан рози хеш ба шавҳар мекушояд ва ҳарду тўморро мекушоянд то бубинанд дар он чи навишта шудааст.

пешина
аз 558
навбатӣ