Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Сардори ШКД баъди ин рост ба чашмони Холов, ки тақдири нафареро дар як сухан ҳал мекард, нигарист ва аз қаҳру ғазаби раиси комиссияи атестатсионӣ бе ягон сухан ҳамин чизро хонд: – «дигар суханат асар надорад…»
Аризаи ба прокуратура навиштаи Бобо Забир аз шикоятнома дида, ба иқрори гуноҳи хеш, ки онро дар маънои дигар тавба аз кирдор низ гуфтан хатто нест, шабоҳат дошт.
Албатта, тавба дар кадом шакл ва кай ки набошад мақбули худованд аст ба шарте, ки танҳо нисбат ба гуноҳи худат бошаду ба дигарон зиёне наорад. Дар тавбаномаи Бобо Забир агар ҳамаи ҳолатҳоро ба назар гирем, мақсад тамоман дигар буд…
Мақсади асосӣ, ки муаллиф худро қаҳрамони мутамарказ тарошида буд, ин бо роҳи ростхата ҳам набошад, ба тариқи ғайримустақим гунаҳкор кардани Воҳид Камол буд ва дар ин ҷода муаллиф ба қавле ба як қатор муваффақиятҳо ноил гашта буд. Яке аз нишондодҳои Бобо Забир худи шаби гузашта исбот шуд, ки натиҷаи хунукназарии сардор ба вазифаи хизматиаш буд, ҳарчанд то ҳанўз дар ин кор нуқта гузоштан барвақт буд.
Масъалаҳои дигар низ санҷиши муккамал мехостанд.
Аз ҷумла, дар аризаи собиқ корманди милиса омада буд, ки ба мақсади баланд бардоштани фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноайён рухдода, кормандони милиса бархе аз арзу шикояти меҳнаткашонро рўйпўш мекунанд. Дар рафти санҷиши аризаҳо бо гумонбаршудагон воситаи мамнуъро истифода мебаранд.
Сардори ШКД капитани милиса Воҳид Камол ҳамаи ин ҳолатҳоро дидаю дониста ба он аз паси панҷа нигоҳ мекунад.
Нигоҳи Воҳид Камол ба дуриҳо парвоз кард. Ў дар осмони соате пештар беғубор тираабри сафедеро дид. Маҳз ҳамин тираабри сафед дили ўро каме ҳам бошад ором кард. Модоме ки пораи абре равшании хуршедро тира месозад, пас чи гила аз бандаҳои хокӣ. Воҳид Камол бо ҳамин фикру андеша аз пеши тиреза дур шуд…
… 22 ...
Кори хона ба бозор рост намеояд гуфтагӣ барин «Ҷарроҳ»
расо баъди ду шабонарўз дар вақти таъиншуда байни намози асру шом занг зад. Занги телефон ба вақте рост омад, ки Ҷамол Солеҳро ба маҷлиси фаврӣ назди сардори ШКД хонда буданд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ баробари гўшакро бардоштан фаҳмид, ки дўсти устодаш Юсуф Нор ба алоқа баромадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор