Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар қабулгоҳ ба ҷуз котиба муфаттиши прокуратура Гурезов низ менишаст. Сардори ШКД бо муфаттиш салом дода, ба утоқи кориаш даромаданӣ буд, ки Гурезов гулу рўшан карда, матлаби интизориашро баён кард.
– Хайр чи илоҷ, модоме ки коратон бошад дароед.
Воҳид Камол сараввал тирезаро кушода, сипас ба меҳмон курсиеро нишон дода ба нишастан таклиф намуд ва танҳо баъди ин гузашта ба курсиаш нишаста, матлаби муфаттишро фаҳмидан хост.
Чун ба матлаби Гурезов огоҳ гашт, ҳамин хел дар омади гап нимҷиддию нимшўхӣ гуфт: «Когда в доме беда, открой ворота» 4. Лаҳзае фикру хаёли ў ба суҳбати на он қадар дури вай, ки ҳамагӣ соате пештар дар утоқи вазир ба вуқуъ пайваста буд, парвоз кард. Фирори Ҷангиеву Сой, то ҳанўз муайян нашудани шахсияти мақтули аз соҳили Сароб даҳ рўз пештар ёфтшуда як тарафи масъалаи ба ташвиш овардани вазир бошад, тарафи дигар ин натиҷаи баҳси капитани милиса Воҳид Камол бо раиси ноҳияи Гулистон Мустафоев буд, ки ин субҳ вазир ёдрас шудани онро зарур шумурд. Дар рафти суҳбат ў аниқ дарк намуд, ки вазир ҳам зидди итоати дутарафаи милиса аст, ҳарчанд дар ин бора рўйирост гап назад, вале огоҳ намудани капитанро дар ин ҷода зарур шумурд, то минбаъд пояшро аз андозаи кўрпа берун дароз накунад. Дар рафти суҳбат ў ҳамин қадарро фаҳмид, ки Мустафоев на ба вазир, балки ба болоҳо занг задаст ва маҳз аз боло дар сари вазир чормағз шикастаанд
– Боз ин ариза. Шояд ин ҳам кори система бошад? – Хайр канӣ бинем, ин Холоттоф5 аз куҷо мехонад. Охир ў нағз медонад, ки дар милиса имшаб чӣ ҳодисае шудааст, наход санҷиши аризаро як – ду рўз ба таъхир андохтан мумкин набуд. Шояд дар ин кор худи Мюлер6 ва ё аз Генрих7 болотар шахсе манфиатдор бошад? – Шитоб накун капитан! – Ҳар чи дар ҷуздони Холоттоф ҳаст, оқибат рўйи саҳна мебарояд. – Марҳамат ман тайёр ҳар чӣ хоҳед пурсед?– хомўширо вайрон карда гуфт соҳиби утоқ.
Гурезов аз ҷуздони чармин чанд қоғазе бароварда рўйи миз гузошт ва ниҳоят худро андаке ҷиддитар гирифта, ба пурсиши Воҳид Камол оғоз кард.

пешина
аз 558
навбатӣ