Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Боке нест, пайваст намоед.
– Подполковник Фарҳод Азамат гўш мекунад.
Ҷамол Солеҳ дар як пурсиши кўтоҳ, ки оё мақтуле ки расмаш бо хабарнома аз таърихи 26 апрел ба ШКД шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фиристода шудааст, ягон нишонаи махсус доштааст ё не фаҳмид, ки то ҳанўз шахсияти мақтул муайян карда нашудааст.
– Сари ҳар як кор андешаи амиқ мебояд ва амалиёти кўркўрона ҳеҷ гоҳ боиси пешравии кор нагаштааст ва инро капитани милиса дар давоми кори чандинсолаи хеш ба хубӣ дарк карда буд.
Ҷамол Солеҳ қоғазеро аз ғаладони мизи кориаш гирифта, рўйи миз гузошт ва ба андеша фурў рафт. Ниҳоят, баъди таваққуфи зиёде дар як гўшаи қоғаз ҳалқае кашида, дар дохили он чунин навиштаҷотро сабт кард: Юсуфи Нор. Аз ҳалқа ба таври горизонталӣ хати дигаре кашида, болои он навишт: «Бе пир марав, ки дар бимонӣ…»
Акнун нияти аз пайи кор шудан дошт, ки ба воситаи селектор ҳайати шахсиро ба толори маҷлисгоҳ даъват намуданд…
… 17 …
Наталя Василевна баъди интизории тўлонӣ ниҳоят умедашро аз омадани шавҳар канд магар, ки соати 2350 дақиқа вориди хонаи хоб шуд. Ў нуг– нуги по чунон оҳиста қадам ниҳод, ки мабодо ҷигарбандаш Далер бедор нашавад. Ҳанўз ба назди бистари хоб нарасида буд, ки Далер овоз дод.
– Оча.
– Ҷони оча, чаро нахобидаӣ?
– Хобам намебарад.
– Боз чи гап шуд? Охир шаб аз нисф гузашт.
– Дадаҷонам наомаданд?
– Не, дигар омаданаш ҳам ба гумон,– оҳ кашида гуфт модар.
– Меоянд?
– Хоб шав агар дадаҷонат омад, фардо субҳ бо ў суҳбат мекунӣ.
– Не, ман ба ў гапи муҳим дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор