Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Чун ба зиндагии шаҳриён каме аз наздик шинос шуд, дилаш аз шаҳр монд. Ҳанўз чашми субҳ ковок нашуда чун бонги азон овози ширфурўш «молоко» «ширда биё» ба гўш мерасад ва Лола дилу бедилон маҷбур мешуд, ки аз бистари гарм хеста рафта барои Зафарҷон шир гирад. Ва он танҳо ба ном шир аст…
Зафарҷон акнун якунимсола шудааст ва Лола бисёр мехоҳад, ки шаҳписарро ба деҳ барад то аз ширу қаймоқи Деҳбаланд нўши ҷон намояд. Дар деҳ аслан ширфурўшӣ нест ва агар ҳамсояат бо ягон сабаб шир надошта бошад, таъмини ў ба гардани дигар ҳамсояҳост, чунки шир ин муъҷиза аст ва агар ҳамсояат, ки муҳтоҷи шир ва ё ҷурғот бошаду ўро аз назди хонаат ноумед гардонӣ рўзе ҳамон муъҷиза туро мезанад. Ин ақида аслан дар деҳ аст. Дар шаҳр бошад аз ду сар барои бисёртар фоида гирифтан ба шир об ҳам мерезанд.
Нохост чашмаш ба нишонаи сари роҳ, ки дар он километри 94–ум дарҷ шуда буд ва офтоби ба ғуруб рафтаистода ба тунукаи сари роҳ шуои хираи хешро равон мекард, бархўрд. То ҷойи ҳодиса на бештар аз дусад–дусаду панҷоҳ метр монда буд ва қариб буд, ки ў тормозро зер намояд то фаҳмад, пас аз фирори оншаба ҷойи ҳодиса дар кадом ҳолат қарор дорад, вале ба ҷойи тормоз газро пахш карда, дар як мижа задан аз мавзее ки ба сараш фикру андешаҳои зиёдро оварда буд, гузашт…
Имрўз вақте ки аз ҳавлӣ баромаданӣ шуд бо супориши модар Зафарҷон афтону хезон ба наздаш омад ва дастони кўчаки хешро дар гарданаш ҳалқа кард. Оянда ў кӣ мешуда бошад?
Тақдираш чӣ хел бошад?
Ҳафтае пеш Лола дар бозори «Саховат» Сороро дидааст.
Ҳарчанд ўро Лола аз дилу ҷон ба хона таклиф намудааст, вале Соро ташвиши бисёри рўзгорро баҳона намуда, даъвати ҳамдеҳаашро рад кардааст.
– Чаро ў наомад? – аз дил гузаронд Тўйчӣ, вале рўйирост ҷуръати пурсидани ин корро накард. Ҳарчанд байни ў ва Соро ягон чиз набуд, нахост дили ҳамсарро хиҷил намояд. Хуб шуд, ки коҳи куҳнаро бод накард… Акнун роҳи Соро дигар асту роҳи онҳо дигар ва роҳи рост дар ягон ҷо бо роҳи дигар хатти буриш надорад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор