Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ба сари чашма вақте, ки Суман барои об овардан рафтааст дугонаҳояш нақл карданд.
– О, Икроми Қаландар чи хотира дорад, ки мардум аз он баҳра баранд. Ҳама медонанд, ки ў як роҳзани тайёр буд.
– Роҳзан буд ё не мактабро ба номаш гузоштанд ва худат дар сина зада ба шаҳр рафтию ҳатто пеши калонҳо надаромадӣ. Ман ҳамин ҷо гуфтам, ки рафтанат беҳуда. Ин ҳокимони маҳали мо ҳамаро аз худ кардагӣ. Илоҳо Худои мутаъол худаш сариштаашон кунад, вагарна рўзе пой бар болои бечораю бенаво хоҳанд гузошт.
– Онҳо барвақт пой бар болои бечораю бенаво гузоштагӣ, вале ҳамаи ин муваққатист. Давлат ҳам набинад Оллоҳ таоло худаш мебинад, ки бандагонаш ба чӣ кор машғуланд ва ҳар кас пойдошти кори хешро хоҳад гирифт. Аз он ки мактабро ба номи Икроми Қаландар гузоштаанд, офтоб ба замин омада нарасидааст ва чӣ хеле ки номашро гузоштанд боз ҳамин хел осонакак номашро мегиранд. Ёд дорӣ соли 1956 вақте ки Сталинро ба шахспарастӣ гунаҳкор карданд, ҳатто ягон хизматашро ба инобат нагирифтанду нимпайкараи дар Роғ доштаашро чаппа карданд. Сталин куҷою Икроми бачаи Қаландар куҷо, охир ў як роҳзани тайёр буд ва номаш ҳам дар таърих чун роҳзан боқӣ хоҳад монд. Зинда бошем мебинем, ки номаш чанд пойдор мемонад…
… 14 ...
Дар миёни чор девор, тахтабандам кардаӣ,
Боз мегўйӣ, ки домон тар макун, ҳушёр бош.
Маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти моҳи апрел рўзи 30
апрел расо соати 1000 сар шуд. Аҷибаш он буд, ки тамоми кормандони оперативӣ ба маҷлис бо либоси ғайринизомӣ омада
буданд. Маҳз ҳамин ҳолат ба раиси ноҳия Мустафоев имконият
дод, ки сардори нави ШКД Воҳид Камолро ба зери тозиёнаи
танқид гирад. Ў қайд кард дар давоми се моҳе, ки Воҳид Камол
вазифаи сардори милисаи ноҳияи Гулистонро ба дўш дорад,
интизоми меҳнат ба дараҷаи пасттарин расидааст. Қисми зиёди
милитсионерон ҳангоми адои хизмат либоси низомӣ надоранд, аксари онҳо бо мўйи сари баланд ва мўйлаб ба кор меоянд ва кас намедонад, ки онҳо милисаанд …

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор