Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар давоми се рўзи дар шаҳр будан дасташ ба ягон кор пеш нарафт, пояш накашид, ки ба дари идораҳои давлатӣ рафта дарду алами хешро гўяд ва номи ҷигарбандашро пос дорад.
Набераҳояш дар гирдаш парвона буданд, вале ў ҳамаи он меҳрубониҳои онҳоро ҳис намекард. Пеши назараш ҳамон манзараи ҳузновари роҳ ва ҷисми беҷони роҳзану яроқи бетири ў ҳувайдо буд. Келинаш ба қавле ҷойи шиштанашро намеёфт, барои ҳурматаш ҳар бегоҳ ҳақу ҳамсояҳоро даъват мекард, вале мўйсафед чун пештара набуд, дамдузд шуда буд… Қариб аксари ҳамсояҳои Шодӣ ўро мешинохтанд ва ба хулосае омаданд, ки ақли мўйсафед баъди марги писар коста шудааст, чунки як гапаш аз арш буду дигараш аз фарш. Ду– се бор нишастагон суол медоданд то ў ба худ биёяду ба суҳбат ҳамроҳ шавад.
Дар автомашинаи сабукравӣ «ГАЗ–24» ба ҷуз ў ва ронанда боз се нафар менишастанд ва бисёр мехостанд, ки аз суҳбати ин марди рўзгордида баҳра баранд, риштаи роҳро кутоҳ намоянд, вале мўйсафед дар дигар хаёл буд. Мусофирони дар автомашина нишаста ҳам инро дарк карданд магар, ки ўро ба ҳоли хеш гузоштанд. Дар бозгашт ҳам боз ҳамон аҳволи се рўз пештараро дид. Албатта, дар роҳҳои кўҳӣ тағироте ба назар намерасид.
Ронанда дар ҳар як дидбонгоҳ ба ҷойи ҳуҷҷат нишон додан даст ба ҷайб бурда, бо ҳомиёни қонун, ки бехатари роҳро ба дўш доштанд гарм вохўрӣ мекард ва онҳо ширинкомаро ба ҷайб зада, ба мусофирон роҳи сафед мехостанд. Ҳарчанд ҳамин корҳо чун се рўз пештар такрор мешуд, вале нафрати мўйсафед боло нашуд, онҳоро чун он рўзе, ки дар автомашинаи «Камаз»
омад сангҳои сари роҳ нагуфт. Ҳамсафаронаш нисбат ба назоратчиёни роҳ ақидаҳои хешро мегуфтанду ў мешунид, вале худ хомўш буд…
Ронанда синну соли мўйсафедро ба инобат гирифт, ки аз роҳи калон баромаду ўро то худи Роғ овард ва сипас ба тарафи ағбаи Харгўшӣ рафт. Ҳатто як тинашро ҳам нагирифт, гуфт бобо як дуои шумо басанда аст ва ў, марде ки хуни ноҳақ рехтааст, ба онҳо фотеҳа дод.
Писарбачаи ҳамдеҳааш давида халтаи дасташро гирифт ва ҳамроҳаш то пеши хонааш рафт.
– Бобоҷонам омаданд,– ўро дида гуфт наберааш Суман духтари фарзанди калониаш Нигор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор