Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз ҳамин маълумотнома ё худ справка ба муфаттиш имконият медод, ки бо як тир ду нишон занад. Якум ҳамроҳи духтур коми хеш ширин намояд. Дуюм давлатро фиреб диҳад, ки баробари дуруст шудани саломатӣ шахси гунаҳкор ўро ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид, ки ин ба ҷуз хок пошидан ба чашми давлат кори дигар набуд. Воҳид Камол чанд сол баъдтар вақте дар мактаби милиса ба кор даромад, сари ин масъала баргашт, вале шифоёбии он беморонро надид. Яъне чи хеле, ки парвандаи ҷиноӣ дар нимароҳ монда буд, ҳамон хел меистод ва поймолкунандаи қонун дар озодӣ сайру гашт дошт ва агар бо он ҷисми лоғару бемори хеш деворро мезад, девор меафтид. Ҳангоми навиштани рисолаи номзадӣ ў ба ин тарафи масъала дурустар аҳмият дод ва фаҳмид, ки беҷазо мондани чунин ашхос боиси боз пой бар болои қонун гузоштани бархе аз онҳо гаштааст…
Бархе аз ворисони Дзержинский ба ҷуз моддаи 195 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки барои боздошти парвандаи ҷиноӣ аз хизмати ворисони Гиппократ истифода мебурданд, аз вазъи нооромӣ солҳои навадуми асри бист истифода бурда, парвандаҳои ҷиноиро аз болои ҷинояткорони дар таги биниашон сайругашткунанда боз дошта, бо супориши хеш аз ҳаммаслакони худ, ки дар бахшҳои оперативӣ кор мекарданд, кофтуков эълон кардани чунин ашхосро талаб мекарданд.
Ҳамчунин, аз моддаи 5 то 10–и ҳамин кодекс бо ҳама приму примчаҳояш дар хизмати ворисони Феликс Эдмундович буд.
Як сол пеш Воҳид Камол бо супориши роҳбарияти вазорат боз сари ҳамин масъала баргашт ва тамоми парвандаҳои ҷиноии дар давоми солҳои ҷанги бемаънӣ дар ҷумҳурӣ рухдодаро мавриди таҳлиил хеш қарор дод. Аз рўйи ҷадвали таҳлили тартибдодаи ў парвандаҳои ҷиноии ба суд равона карда шуда, нисбат ба парвандаҳои ба коллективҳои меҳнатӣ, судҳои рафиқона фиристодашуда, хеле камтар буданд. Сабаби чунин дилсўзиҳои муфатттишонро таҳлил карда истода Воҳид Камол ба хулосае омад, ки муфаттишон ҳам дар кори хеш бало шудагӣ ва ҳамаи он парвандаҳои ҷиноие, ки дар истеҳсолот боздошташуда, бо мурури замон барои расонидани таъсири ҷамъиятӣ фиристода шудаанд, ба ҷуз хатари калон надоштанашон сабаби дигаре ҳам доранд ва ин пеш аз ҳама суст будани дараҷаи исботкунии айби гунаҳкор аст ва баробари муҳокимаи он дар судҳо мисли оне ки хонаи гилин аз таъсири барфу борон фурў меравад, парвандаи ҷиноӣ дар муҳокима тоб нахоҳад овард ва ба тафтишот баргардонидани он боиси гапу калочаҳои зиёд шуданаш мумкин.

пешина
аз 558
навбатӣ