Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мўйсафед шоҳиди ин воқеаҳо буд.
Соле пас дар байни мардум овоза шуд, ки ҳамон шаб гурўҳи қумандон Холи Зард Шодӣ Гулро ба назди дастаи бистуҳафтнафараи хеш бурда хоҳиш намудааст, ки дар бораи авзои сиёсии ҷумҳурӣ суҳбат намояд. Баъди суҳбат Холи Зард аз зердастонаш, ки дар саф рост меистоданд хоҳиш намудааст, ки ҳар нафаре ки тарафдори сухани муаллим Шодӣ Гул аст аз саф ду қадам ба пеш барояд. Чор нафар аз саф баромаданд.
Бо ин амал Холи Зард дўстро аз душман ҷудо намуда, душманонро ҳамроҳи нотиқ, ки сиёсати давлатро пуштибонӣ намуданд, дар дараи Харгўшӣ ба қатл расонида, худ аз ағба гузашта, ба самти Афғонистон рафтанд… Ин овозаҳо чӣ хел ва аз куҷо паҳн шуданд, то ҳоло барои мўйсафед чун муаммое боқӣ мондааст. Вале мардум ҳамин қадарро медонанд, ки Холи Зард ва Икроми Қаландар дар замони СССР дар як қисми ҳарбӣ хизмат намуда буданд ва сабаби ба Роғ омадани Холи Зард ҳамин Икроми Қаландар шуда буд.
Ҳарчанд он рўзи шум Икром ҳам дар деҳа буд ва мисли дигар ҳамдеҳагон ба ҳафт пушти қотилон лаънат фиристод. Холи Зард дигар ба куҷо рафт, то ҳоло маълум нест. Икроми Қаландар бошад, яке аз силоҳбадастони чирадаст гашт.
Прокуратура аз рўйи ҳодисаи қатли панҷ нафар дар дараи Харгўшӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд ва овозаҳо буданд, ки ду– се маротиба Икроми Қаландарро низ ба сифати шоҳид даъват намуданд, вале он шабу рўз ў пуф пуфи одами хокӣ мегуфт ва худи кормандони прокуратураю милиса ҳам наздаш бечора буданд.
– Натарсу рўзатро бин,– мегуфтанд баъзеҳо…
– Чӣ давроне дошт Икроми Қаландар,– вале умр ба ў ҳам вафо накард. Се сол пас аз марги Шодӣ Гул дар яке аз задухўрдҳо аз «тири катюша» захмдор шуда, ба ҳалокат расид.
Ҳукуматдорони маҳал ба рағми Гул Набӣ аз Икроми Қаландар қаҳрамон тарошиданд, ўро фидоии мардуми Роғ ба қалам доданд, ҳарчанд медонистанд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми Роғ омад аз дасти ўст ва агар ҳамхизмат гуфта Холи Зард ва дастаи мусаллаҳи ўро ба Роғ намеовард, агар фикри фардоро мекарду мардумро ба қумандон намефурўхт ҳеҷ гоҳ мардум ба чунин рўзи бад намерасиданд.

пешина
аз 558
навбатӣ