Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Чӣ хел аст?
– Дасти баъзе аз чунин ашхос то оринҷ ва аз он ҳам болотар оғўштаи хун аст, чунки дар вақташ фикри ояндаашонро накардаанд. Акнун ки оромию танҷӣ шудааст, аз нигоҳи нафратбори мардум канораҷўйӣ мекунад. Ба қавле гўшанишин шудаанд. Нафрати халқ ин сангро мешикофад. Мардум беҳуда нагуфтаанд, ки худозада бошу арвоҳзада не ва ин мушҳои паррон ҳам худозадаанд ва ҳам арвоҳзада. Албатта, дер ё зуд онҳо сари худ хоҳанд хўрд ва илоҳо ҳар кадомаш, ки хуни ноҳақ рехтааст, оғўштаи хуни хеш гардад…
– Хайр, ана деҳа ҳам аз пеш баромад истем ё равем.
– Аслан ман шуморо маҷбур намекунам, вале мард бояд таваккал намояд…
– Таваккал нар бувад андеша модда ва сухани ин мўйсафед ҷон дорад, то ба кай тарсем, ҳар чи бодо бод,– гўён ў газро баландтар кард…
…7…
Автомашина бо чароғҳои фурўзон роҳҳои морпечи кўҳиро паси сар мекард. Дунё дар оғўши зулмот монда ва аз он офтоби саховатпеша ҳам нишоне намонда. Ҳатто чароғи камбағалон ҳам (моҳтоб дар назар аст) то кунун ба тамошои замин набаромадааст. Ҳамаи ин як даҳшатро дар қалби марди роҳгузар ҷой мекард. Автомашина бошад бо чароғҳои фурўзонаш пардаи зулмотро дарида, баҳри хеш роҳ мекушод ва ба пеш ҳаракат дошт. Мўйсафед дигар қиёфаи ҳамсафарашро ҳам дуруст дида наметавонист. Торикии имшаба торикии ҳамон шаби сарди зимистонро ки силоҳбадастон омада Шодиро ба назди кумандон бурданд, ба ёдаш овард…
… Муаллим ҳастанд?
– Бале, ман ҳамин ҷо, чӣ буд?
– Қумандон шуморо мепурсад,– гуфт ҷавоне.
– Чӣ мегуфтааст?
– Надонам? – китф ба ҳам кашид ҳамон ҷавон.
– Майлаш, рав ман ҳозир меоям.
– Он ҷавон чизе нагуфту рафт.
– Биё нарав бачам, – илтиҷо кард модар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор