Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Олами сармоя аз ин се худозада ва як нобакори беандеша то қиёмат қарздор аст. ЦРУ (маркази раёсати разведкаи ШМА) соле 360 миллиард доллар барои барҳам додани сохти сотсиалистӣ, ки як лагери муташаккилро ташкил мекард, ҷудо менамуд. Аз ҳамин ҳисоб 70 фоизи он ба муқобили СССР нигаронида шуда буд. Ва Горбачёв бо бозсозиаш чӣ кард? ЦРУ–ро аз ҷудо намудани ҳамин маблағ озод намуда, ба пойи халқи хеш кишан зад. Аслан Горбачёв ва атрофиёнаш ин сангҳои сари роҳ буданд ва агар ГК ЧП ғалаба мекард, онҳоро аз рўйи роҳ гирифта мепартофтанду олам гулистон мешуд. Вале афсўс ки ин нобакору майзадаҳо аз ГК ЧП маккортар баромаданд.
Низоъҳои миллӣ қитъаҳои алоҳидаи собиқ СССР низ аз касофатии бозсозӣ Горбачёв буд. Акнун ҳар калу кўр ҳам дар сина зада ман мегўяд, аз демократия ҳарф мезанад, ҳол он ки худ ба маънои аслии он сарфаҳм намеравад. Гўё таи 70 сол ҳама дар маҳбас буданд, озодии сухан поймол шуда буд. Маҳз ҳамин демократия ба сари мардум чи балоҳоеро овард, чунки ҳар кӣ ҳар чи хост гуфт, навишт, манотиқҳои муайянро ба ҳамдигар зид кард ва ана оқибаташ…
Аскари қаторӣ дар ҷойе ки автомашинаро аз рўйи қоидаи роҳ маън кардан мумкин нест истода, чун талбанда аз ронанда солярка мепурсад ва бо ин амали хеш ба шаъни давлат иснод меорад…
Ва Тўйчӣ Ҷалол сари ҳамин андешаҳо буд, ки милитсионере даст бардошт…
…5…
– Канӣ ҳуҷатҳоят бе ягон салому калом ба сухан оғоз намуд сержанти милиса, ки дар кару фар ҳатто аз Борис Данилович Шаталов як зина боло меистод.
– Тинҷӣ– мӣ ака,– пурсид ронанда, ки дар сину сол аз милитсионер калонтар буд.
– Агар тинҷӣ мебуд, мо ҳамин ҷо меистодам? – оҳи сарде кашида гуфт сержант.
– Чӣ ягон ҳодиса шуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор