Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Комдив хабар дод, ки вазири мудофиа ва сардори ситоди генралии қувваҳои мусаллаҳи мамлакат низ шомили комитети давлатии ҳолатҳои фавқулодаи мамлакат мебошанд ва ин амал ҳар як сарбоз ва афсарро уҳдадор менамояд, ки дар чунин шароити душвори мамлакат мавқеи бетарафиро ишғол накунанд.
Ҳама, чӣ сарбоз ва чӣ афсар баҳри гул– гулшукуфои мамлакат, баҳри пойдории музаффариятҳои Инқилоби кабири Октябр У р а а… У р а а… У р а а… гуфтанд. Сипас ҳама рота ба рота аз зери трибуна, ки Шаталов меистод, ба таври низомӣ салом дода, рост ба ҷойҳои хизматии хеш баҳри дастгирии супоришҳои ГК ЧП рафтанд. Касе лом нагуфт ва ба гўшаи хотир ҳам наовард, ки ин ҳамааш чашмбандист…
Он рўзҳо 19–21 августи соли 1991 дивизияи механикондашудаи генерал - майор Шаталов, ки ГК ЧП–ро дастгирӣ намуд, рўзҳои охирини пойдории хешро аз сар мегузаронд. Аскари қатори Каримов Тўйчӣ Ҷалолович чун рўзҳои пешин автомат дар даст, дар ҳимояи дастовардҳои Инқилоби кабири Октябр вазифаи хешро бе ягон мақсади зишт адо мекард. На рўйи роҳ мебаромад ва на аз роҳгузаре солярка мепурсид.
Қиёмат сар шуд баъди ин се рўз. Чун ноиби президенти мамлакат ва ҳаммаслакони ўро ба ҳабс гирифтанд ҳамдигар– фурўшӣ дар дивизияи онҳо низ оғоз гашт. Пеш аз ҳама комдивро аз вазифа сабукдўш намуданд, вале баҳри генерал ин анҷоми кор набуд. Ўро барои хиёнат ба Ватан муттаҳам кардан мехостад. Қисми зиёди афсароне, ки тайи чанд соли охир дар як саф ҳамроҳи Борис Данилович хизмат намуда буданд ва баромади ўро ба тарафдори ГК ЧП дастгирӣ карда, дар лаҳзаи охир аз ў рўй гардониданд ва барои амон мондани сари хеш гуноҳро ба гарданаш бор намуданд. Барои исботи фикри хеш бархе аз носипосон Шаталовро чун хешу ақрабои наздики Маршали Иттифоқи Советӣ, сардори ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи СССР Ахромеев, ки номбурда баъди шикасти ГК ЧП ба худкушӣ даст зада буд, арзёбӣ намуданд, ҳарчанд ин дурўғи маҳз буд.
Дар давоми ду моҳи баъди шикастхўрии ГК ЧП кормандони прокуратураи ҳарбӣ ва амнияти давлатӣ ба қавле мўйро аз хамир ҷудо намуда, аз болои он афсароне, ки бегуноҳии Борис Данилович Шаталовро исбот намудан хостанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, Ватанро аз нобудшавӣ эмин сохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор