Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Агар нашавам чӣ?
– Худатон нағз дарк намудед, ки шумо далеле баҳри ҳимояи хеш надоред ва дар ҳоле ки шумо қарор доред, тавба беҳтарин кор аст.
…
– Чаро хомўш шудед, гап занед?
– Ба фикрам бандаро ба ҷуз тавба чорае намондааст.
– Худаш ҳам ҳамин хел аст.
– Ман ба гуноҳи хеш иқрорам, оё намешавад, ки ҳамаи он чӣ гуфтед аз номи ман ба протоколи пурсиши гумонбаршуда дарҷ намоед.
– Танҳо ба як шарт.
– Гап занед?
– Гўед, ки ҳамон тапонча ҳоло дар куҷост?
– Ман онро ба руди Душанбе партофтам, гумон мекунам, ки ёфтанаш душвор намешавад, чунки ман ҷойи партофтанамро нағз дар хотир дорам.
– Боз яу суол мумкин– мӣ?
– Майлаш танҳо ба хотири шумо.
– Ҳарчанд то кунун оид ба таркиш мо далели аниқе нисбат ба шумо надорем, вале боварӣ дорем, ки ин кор амали дасти шумост ва мепурсем, ки дар амалиёти таркиш иҷрочӣ шумо худатон будед ё боз нафареро киро намудед?
Агар чунин аст мо ному насаби он шахсро донистан мехостем.
– Ташвиш накашед, он амалро ман худам иҷро намудам. Агар хоҳед ҳангоми гузаронидани эксприменти тафтишотӣ ман чи тавр шинондани норинҷакро нишон медиҳам…
– Ман қоил, – гуфт Сорбони Ҳомид.
– Боз чӣ маслиҳат медиҳед?
– Хуб мешуд, ки дар бораи дар куҷо пинҳон шуданатон ва бо дасгирии кӣ ва чӣ тавр ба беморхона рафтанатонро мегуфтед…
– Окей…

пешина
аз 558
навбатӣ