Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ва инро кӣ исбот мекунад?
– Мо боз кӣ мешуд?
– Чӣ тавр?
– Ҳангоми ташхиси баластикӣ тирҳои аз ҷойи куштор дар кўчаи Хуросон ёфтшуда муайян гардид, ки Розиқ Амон ва муҳофизи ў Маҷнуни Замир аз тапончаи нуҳ миллиметраи Макаров ба ҳалокат расонида шудаанд. Тапончаи мазкур аз соли 1996 мавриди ҷустуҷў қарор дорад. Тапонча ба капитани кушунҳои сарҳадӣ Муродов Барот Сангович тааллуқ дорад.
Номбурда соли 1996 дар минтақаи Сангвор ба ҳалокат расидааст.
– Шояд марги ўро ҳам ба гардани ман бор кардан мехоҳед?
– Ўро ку не, вале ба ҷуз шумо он тапончаро дигар кӣ ҳам метавонист аз худ намояд?
– Наход шумо гумон намоед, ки ман тапончаи дар ҷустуҷў бударо гирифта, қасди ҷони Розиқ Амон намуда бошам.
– Дар дунё чун худи шумо барин мардоне, ки ғуломи нафсанд, кам нестанд. Як моҳ боз собиқ сармуҳосиби бонки «Кишоварз» Султон Назар дар орзуи вохўрӣ бо шумост. Мо кўшиш мекунем, ки дар рўзҳои наздик шуморо рў ба рў намоем.
Аз рўйи нишондоди Султон Назар ў барои ба курсии Розиқ Амон соҳиб шудан ба шумо ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ додааст.
– Дурўғ, ҳамааш туҳмат. Шояд ў худаш мудири бонкашро парронда бошад.
– Гуфтам– ку агар парронда бошад ҳам бо тапончаи шумо ба ў додагӣ парронидааст.
– Не, ман ба касе тапонча надодам. Бигузор ҳамон касе, ки аз ман тапонча гирифтааст, омада дар рўям гўяд.
– Телба нашавед. Он шахси мегуфтагиатон ҳам ҳамин ҷо, имрўз ё фардо шумо бо ҳам вомехўред. Дар воқеъ шумо ҳам бало.
– Чӣ хел бало?
– Охир як рўзноманигори номиро ба тарафи хеш ҷалб намудаед.
– Ман ягон рўзноманигорро намешиносам.
– Вале ў шуморо дар ёд дорад. Ҳарчанд дар тарабхонаи «Бону» шумо вайро маст гумон карда, ба Насим супориш додед, ки ўро то ба хонааш барад, вале ў на ба он дараҷае маст будааст, ки шуморо нашиносад…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо