Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Аз ин гуфтугўи рамзӣ қариб касе чизе нафаҳмид. Бечора он милитсионери қаторӣ аз куҷо медонист, ки моҳе пештар Асад Ғанӣ милисаро барои ҳамкорӣ бо ҷанобашон (Ҳотам Илёс дар назар аст) музтар карданӣ шудааст…
Пеш аз беморхона рафтан Ҳамид Ҷовид ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ супориш дод, ки дар сурати мусбӣ ҳал шудани амалиёт Ҳотам Илёсро ба прокуратура баранд. Бигузор Асад Ғанӣ «ормон» шиканад.
Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки бо ҳама сабурии хеш сарвари милиса Ҳамид Ҷовид ҳам кайҳо инони ихтиёр аз даст дода будааст…
– Ин кӣ?– баробари онҳоро дидан пурсид муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким.
– Ин ҳамон марде, ки милиса дар фирор намуданаш даст дорад, – паст наомада гуфт Сорбони Ҳомид.
– Хафа нашавед, ҳар чи ки Асад Ғанӣ гуфт, аз рўйи эҳсосот гуфт, охир ўро ҳам фаҳмед бародар.
– Мо ҳамаашро мефаҳмем. Бигузор шефат бо ҷанобашон (Сорбони Ҳомид ба тарафи Ҳотам Илёс, ки ҳанўз рост меистод ишора кард) суҳбат намояд. Акнун ба мо рухсат диҳед равем.
– Рафтори шумо мақоли халқи «харро пўст кандаву дар думаш дармондаро» ба ёд меорад.
– Сараввал ин, ки ҷанобашон полковники милиса, дуюм ин, ки эшон бемор ўро аз беморхонаи касалиҳои рўҳӣ рост ба ин ҷо овардем. Ба гумон аст, ки бе хулосаи ташхиси тиббӣ ин кас ҳарфе ба забон оварад.
– Меорад ва боз чӣ хел…
– Ҳамин хел рафиқ полковник?– ба тарафи Ҳотам Илёс нигариста пурсид Сорбони Ҳомид.
Ба ҷойи ҷавоб ў забонашро бароварда нишон дод ва табассуме намуд.
– Оҳҳо девонаи тайёр – ку, – гуфт муфаттиш.
– Ў девона нест ва баҳри аз ҷазо гурехтан худро ба девонагӣ андохта истодааст.
– Агар ин хел бошад ў актёри хубест.
– Баҳс намекунам, фаромўш накун, ки боз гурехта наравад.
– Баробари кўшиши аввалинаш мо думашро меканем, ҳамин хел рафиқ полковник.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо