Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Чун дар расми дуюм Ҳотам Илёс бо либоси низомӣ аксбардори шуда буд ва сари китфонашро се ситораи калон оро медод, тааҷҷуби сардухтурро боз ҳам дучанд кард.
– Дар ин замона дигар ба ягон кас бовар карда намешавад, оҳ кашида гуфт сардухтур.
– Чиро дар назар доред?
– Ҳа ҳамин хел чӣ тавр ба беморхона овардани ин касро (духтур ба расмҳои ҳанўз болои мизи кориаш хобида ишора намуд) ба ёд овардам.
– Ба фикрам кадоме аз кормандони шумо дидаю дониста Ҳотам Илёсро ба беморхона хобонидааст, ҳамин тавр?
– Худаш ҳам ҳамин хел буд.
– Мо ному насаби ҳамон шахсро донистан мехоҳем?
– Он кас духтури муолиҷавиаш. Дишаб ў навбатдор буд.
Сари субҳ бошад баъди навбатдорӣ ба хонааш рафт.
Сорбони Ҳомид ба ёд овард ташрифи дишабаи ҳамсари Ҳотам Илёсро ба беморхона ва чӣ тавр вориди бино шудани ўро. Аз эҳтимол дур набуд, ки ҳамон зани ба истиқболи Ороста Илёсова баромада духтури муолиҷавии Ҳотам Илёс буд.
– Таърихи бемории вайро дидан мумкин аст?
– Танҳо баъди овардани ҳуҷҷати хаттӣ.
– Ин тавр бошад мо беморро бояд бо худ барем, чунки вай на бемор, балки ҷинояткор аст ва мавриди ҷустуҷўйи милиса қарор дорад.
– Чун дар ин бора шумо ҳуҷҷат овардаед, ман зид нестам.
Ба фикрам пеш аз пурсупос ўро аз ташхиси комиссияи босалоҳияти рўҳшиносон гузаронидаатон лозим меояд.
– Албатта, мо ҳаргиз бе хулосаи комиссияи зикрнамудаатон ўро нахоҳем пурсид.
– Бе муҳобо нигоҳаш ба Сталин монандӣ дорад, – гуфт сардухтур ва тугмачаеро зер кард, лаҳзае пас духтараке, ки дар қабулгоҳ менишаст дарро кушода гуфт:
– Шуморо гўш мекунам Холида Баротовна.
– Сафар Шеровичро ба ин ҷо даъват намоед.
– Хуб шудааст,– гўён котиба дарро пўшида баромада рафт.
– Сафар Шерович чӣ кора?
– Муовини ман оид ба табобат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо