Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ин аввалин суолҳое буданд, ки тўфони андешаҳо баҳраш арзонӣ дошт. Сорбони Ҳомид даст ба пешонӣ бурда лаҳзае боз чашмонашро пўшид то он гирдбоди бесарунуги аз тўфон бархоста омехта шавад…
– Исто, о дар чунин вақт зани шавҳардор, зане ки дар Шарқ ба камол расидааст боз ба назди кӣ меравад? – чун вулкон нидое бурун омад аз вуҷудаш.
– Наход дар ҳақиқат ҳам ў ба назди шавҳараш рафта бошад?
– Боз ба назди кӣ мешуд, магар зани мусулмон он, ки хонаи обод дорад, метавонад шабона ба назди дигар кас равад.
…
Сорбони Ҳомид ин дафъа шикасти хешро дар назди қалбаш ҳис намуд, ки муҳри хомўшӣ ба лаб гирифт.
Ў оҳиста дари хонаи хобро кушода, нуг – нуги по то пеши бистараш рафт ва ҷомаро болои курсие гузошта худро ба бистар гирифт ва шабчароғро хомўш кард…
... 63 …
Гузориши ваколатдори кофтукови ҷиноятиро Ҳамид Ҷовид на як, балки ду маротиба хонд ва танҳо баъди ин ўро ба наздаш даъват намуд.
– Шояд то аниқ намудани ҳолатҳои кор боз ягон ҳафта сабр намоем.
– Метарсам, ки дар ин муддат Ҳотам Илёс боз қадаме аз мо пештар нагузорад.
– Шумо гумон доред, ки вай аз он ҷо ҳам фирор хоҳад кард?
– Охир ў наметавонад як умр дар беморхона истад.
– Рафту ў дар ҳақиқат ҳам бемор бошад чӣ?
– Беморро чӣ ҷойи пинҳон намудан.
– Дар ҳақиқат суханони шумо ҳам ҷон доранд, ман худи ҳозир бо сардори РКД маслиҳат мекунам.
– Бо Асад Ғанӣ чӣ? – хандида гуфт Сорбони Ҳомид.
– Прокуратураро дар айни вақт ба ҳоли худаш мегузорем, аздусар онҳо ба мо боварӣ надоранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо