Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар баъзе ҷойҳо бодом аллакай гул карда буд. Хуллас, табиат пусти хешро иваз карда буд. Барои зиндаҳо баҳор дар санҷаи дарашон меистод. Милиса то кунун дар ҷустуҷўйи ҳамкасби худ Ҳотам Илёс буд. Табиат аз хоби ноб бархеста, вале аз Ҳотам Илёс дараке набуд. Ўро магар бо лаълии паррон ба дигар сайёра бурда буданд ва ё ногаҳон заминаш даркашида буд, ки касе намедонист. Ҳамсараш ҳар субҳ ба кор мерафту фарзандонаш ба дарс. Худро чунон вонамуд мекарданд, ки ҳодисае рух надодааст, мисли он рўбоҳе, ки обаш бурдаасту дар дами марг ҳам думашро аз об боло гирифтааст…
Ҳафтае ду маротиба гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ дар дафтари кории Ҳамид Ҷовид сари ҳамин масъала гирд меомаданд.
Таҳлилу ташхиси объективӣ камераҳои ҷопонӣ, ки даромаду баромади мардумро дар манзили истиқоматии Ҳотам Илёс ва додарарўсаш Шерзамони Баҳром рўйи навор оварда буд, натиҷае надод. Маҳз аз рўи наворҳои сабтшуда чандин амалиёти оперативӣ гузаронида шуд, вале ҳамааш бе натиҷа…
Бо ҳама сабру таҳамул ва хунсардӣ сарвари милиса Ҳамид Ҷовид қариб инони ихтиёр аз даст дорда буд, ҳарчанд рўирост ҳам нагўяд, вале аз авзояш фаҳмидан душвор набуд, ки вай дар кадом ҳолат қарор дорад.
Фирдавси Ҳаким, ки дар муҳосираи ду фронт монда буд, баҳри боздошти қисме аз парвандаи ҷиноятӣ аллакай дасту остин барзада буд. Асад Ғанӣ, ки тайи ин муддат аз хоҷаҳои болоиаш на як бору ду бор танбеҳ гирифта буд, ба милиса чун «бало ба гови алло» нигоҳ мекард.
Хуллас, зоғи бе доғе намонда буд ва ҳамаи ин ташвишу тараддудро сабабгораш Ҳотам Илёс буд, ки на зиндааш маълум буду на мурдааш. Муддати якуним моҳе, ки Ҳотам Илёс фирор намуда буд, аъзоёни гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ аз тамоми воситаҳои дар ихтиёрашон буда, истифода бурданд ва ба хулосае омадаанд, ки Ҳотам Илёс то кунун ҷумҳуриро тарк накардааст.
Натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ – ҷустуҷўйӣ бошад худи аъзоёни гурўҳро қаноатманд намекард ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки хабари аниқу дақиқи ҷойи зист собиқ полковники фирориро касе намедонист.
Соатҳои бистуяки рўзи аввали моҳи феврал Сорбони Ҳомид аз бинои милиса берун шуд. Чун ў тамоми рўзи аввали моҳи охири зимистон аз дафтари кориаш қариб берун нашуда буд, ҳавои сард, вале тозаи шабонгоҳ ба ҷисмаш ҳаловати тозае бахшид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо