Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ниҳоят ў он курсии мулоими хеш тарк кард ва сараввал ба назди сейфи оҳанини дар кунҷи дигарии дафтари кориаш буда рафт ва онро бикушод. Дар сейфи мазкур ў дафтари сиёҳеро нигоҳ медошт, ки дар он нисбат ба аксари кормандони баландрутбаи мақомотҳои қудратӣ компр – материал22 гирд оварда буд. Ў нағз мефаҳмид, ки рафту агар дафтари мазкур ба дасти тафтишот афтад худи онҳое, ки ному насабашон рўйи лисони ин дафтар омаданд бо ў ҳисобашонро баробар хоҳанд кард. Сипас, вай ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро, ки чун компромат гоҳ– гоҳ истифода мебурд ва ду се кассетаро ки сабти овози чанд нафар садрнишин пинҳонӣ навишта ва аксбардорӣ шуда буд, ба ҷузвдони чармине ки ҳамранги ҳамон дафтар буд, ҷо ба ҷо намуда, чароғро хомўш карду ҷузвдонро ба зери палтояш гирифта, аз бинои раёсат берун шуд…
... 60 …
Чанд рўз боз ҳама дар даву тоз, ҳама дар ҷустуҷўи Ҳотам Илёс. Аз он чи ки дар боздошти Ҳотам Илёс каме таъхир наму данд, ҷойи баҳс ҳам набуд. Кӣ медонист, ки кор чунин ранг ме– гирад. Ҳамид Ҷовид бар он ақида буд, ки Ҳотам Илёс чун шоҳмотбози моҳир ҳар як ҳаракати онҳоро ба зери назорат гирифта, дар лаҳзаи зарурӣ қадаме аз онҳо пеш гузошт…
Прокурори ноҳия Асад Ғанӣ бошад бар он ақида буд, ки касе аз кормандорни милиса Ҳотам Илёсро дар бораи дастгир намуданаш огоҳ кардааст.
Ба ҷойи гузаронидани корҳои фаврӣ – ҷустуҷўйӣ дар анҷоми амалиёт як фазои ҳамдигарнофаҳмие байни милиса ва прокуратура ба миён омад. Маҳз ҳамин ҳолат Ҳамид Ҷовидро маҷбур сохт, ки маҷлиси фаврии гурўҳи тафтишотро аз рўйи парвандаи ҷиноятӣ рақами 466, ки бо аломати моддаи 104 қисми 2 банди «а», ки рўзи 9 декабр муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким оғоз намудааст даъват намояд.
Дар давоми даҳ шабонарўзи баъди фирори Ҳотам Илёс яке аз ҳаммаслакони ў сармуҳосиби бонки «Кишоварз» Султон Назар низ дастгир ва ҳабс карда шуд. Ў ки як ҳафта боз вазифаи мудири бонки мазкурро ба дўш дошт, ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовард, ки тавилаи давлат дароз аст ва агар ҳамин ҳолатро дарк мекард, метавонист бемалол аз ҷумҳурӣ фирор кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо