Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Нисбат ба худатон қаду басти ўро ба риштаи тасвир кашидед?
– Ба фикрам ў аз ман ҳам анча пасттар буд.
– Боз чӣ?
– Чун саргузашти талхи бандаро шунид қавоқҳояш ҷафс шуданд ва ба Сталин монанд шуд.
– Марҳамат, ба ин аксҳо як назар афканед,– дар диктафон садо дод овози Сорбони Ҳомид.
Хомўшие ба миён омад…
– Ин ду тояш ба фикрам акси ман.
– Вай сеюмаш чӣ?
Боз хомўшии тўлонитар ба миён омад.
–Ин акси ҳамон марди гуфтаатон.
– Кадом мард?
– О ҳамон шефи Насим, ки дар тарабхона бо ман суҳбат дошт.
– Шояд иштибоҳ шуда бошад?
– Намедонам, вале нигоҳаш ба нигоҳи ҳамон мард ниҳоят монанд.
– Аниқтарашро гуфта наметавонед?
– Гуфтам– ку монандӣ дорад. Аниқаш дар ёдам нест, чунки ронанда Насим маро дар ҳолати сархушӣ то ба манзили зистам бурда буд.
– Ва дар куҷо кор кардани он мардро ҳам намедонед?
– Не.
– Гуфтед, ки Насим маҷбуран шуморо ба Москва фиристод?
– Ҳа, ҳамааш ҳамин хел буд.
– Боз ба дастатон билет ва ду ҳазор доллар ҳам дод?
– Ҳа.
– Ба кадом хотир напурсидед?
– Пурсидам, вале ў гуфт, ки дар боло ба чунин хулоса омадаанд.
– Боло гуфта киҳоро дар назар доред?
– Онҳоеро ки тариқи Насим аз паси парда бо ман роз мегуфтанд.
– Мо ҳеҷ фаҳмида натавонистем, ки чи тавр чунин як рўзноманигори варзида, ки аз нуги қаламаш танҳо ҳақиқат мечакид, фирефтаи суханони Насим гаштааст.

пешина
аз 558
навбатӣ