Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шумо ба ин ҳуқуқ доред, вале пеш аз шикоят намудаатон мо мехоҳем фаҳмем, ки чаро эшон ҳуқуқи хеш поймолшуда меҳисобанд?
– Хуб мешуд, ки онҳоро мепурсидед?
– Агар онҳо гуноҳ дошта бошанд, аз болояшон санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад ва ман шуморо бовар мекунонам, ки аз ҷазои интизомӣ онҳоро роҳи гурез нест.
– Барои ҳуқуқи шаҳрвандии маро поймол кардан онҳо бо як огоҳӣ ё танбеҳ халос мешаванд?
– Ин ҳам дар ҳолате ки шумо гуноҳи онҳоро дайн намоед.
– Чӣ хел ман гуноҳи онҳоро дайн намоям модоме, ки шумо худ тарафдори ҳамкасбони хешед?
– Ҳаргиз ин хел нест. Рафту агар онҳо шуморо бе асос ба милиса оварда бошанд, онҳоро аз ҷазои интизоми роҳи гурез нест.
– Шахсро аз хонааш бе ягон асос пешандоз карда ба милиса биёрию бо як огоҳӣ ё танбеҳ раҳо шавӣ, ё тавба!
– Чӣ мехоҳад, ки онҳоро ба дор кашанд,– талх карда гуфт Сорбони Ҳомид.
– Ман ин хел нагуфтам.
– Ин хел нагуфтеду вале ба ҷазое, ки қонун баҳри онҳо пешбинӣ намудааст, розӣ нестед?
– Бо як огоҳӣ ё танбеҳ халос шудан ин ба тақдири ҷабрдида аз паси панҷа нигоҳ кардан аст.
– Ба фикрам ҷабридида гуфта, шумо худатонро ба назар доред, ҳамин хел?
– Ҳа, ҳамин хел. Ман боз арз мекунам, ки он ду милисае, ки бандаро аз хонам пешандоз карда овардаанд, ҳуқуқи шаҳрвандиамро поймол намуданд.
– Ин сухани шуморо ман аллакай шунидам, боз чӣ гуфтание доред?
– Магар ҳамаи ин кам аст.
– Албатта, барои ба онҳо ҷазои интизомӣ додан, ин гуфтаҳои шумо кифоя нестанд.
– Маълум, ки онҳо бо супориши шумо маро ба ин ҷо оварданд.
– Албатта, бо супориши ман. Барои ҳамин ман мехоҳам, ки шумо каме ором шавед ва ба суолҳои банда посух гўед.

пешина
аз 558
навбатӣ