Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Агар ў ба даст афтад, ягон ҳолати сабуккунандаи гуноҳашро дар қонун нахоҳанд ёфт.
– Инаш маълум модоме, ки баъзан бегуноҳон ҳам ба ҷазо гирифтор мешаванд, пас чӣ ҷойи гила аз қонун, ки ба гунаҳкоре ҷазои ба кирдораш муносибро раво дидааст…
Ин даъфа ў на ба дифои хеш хесту на чун ҳомии қонун ба дифои қонун. Ростиро завол нест ва ҳар он чи ки дар монитори хотироташ баромад чун алиф рост буд. Магар каманд мардони бегуноҳе, ки паси панҷараи зиндонҳоро иҷора гирифта ва ҳамааш шуда аз касофати чунин нафароне, ки ба хотири нафс шуда ба ҷойи ҳимоя қонунро пеши по заданд ва нафареро, ки пулу мол надорад бо каме гуноҳ пушти панҷара партофтанду гунаҳкори аслиро ки соҳиби молу пул аст, чун мусичаи бегуноҳ ҳифз намуданд…
Аз чӣ бошад, ки ў ин даъфа ҳам кирдорҳои пасипардагии хешро ба ёд овард. Рафту агар ў дар асоси хабари аз Сарвиноз гирифтааш мудири бонки саҳомии «Кишоварз»–ро ки ба номуси духтараки понздаҳсола таҷовуз намуда буд, аз рўйи талаботи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашид, имрўз ба чунин аҳвол намеафтид. Нафси бад боло гирифту ў ба васвосаи шайтон дода шуд ва хуни чандин нафар бирехт ва боз кӣ медонад ин ҳамаро чӣ анҷомест?
Пули ҳаромро бубин, ки ба дарди он писарбачаи шашсола ҳам малҳам нашуд, чунки падари ў низ ба васвасаи шайтон дода шуда, оқибати кори хеш андеша накард…
Моем дар ин гунбади фирўзарухом,
На кофири мутлақ, на мусулмони тамом,
бо ҳарфҳои хоно рўи монитори хотираш пайдо шуд панди пири суханварони Нишопур.
Ниҳоят ўро фикре ба сар омаду аз ҷой бархест ва ба дафтари кории яке аз зердастон рафт ва боз ба Вайс Тошмат занг зад.
– Сардухтури поликлиникаи ноҳия Вайс Тошмат гўш мекунад.
– Ин ман.
– Бубахшед, ки шуморо нашинохтам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо