Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳа, тасодуфан. Гуфтам– ку ман ба пешвози амакам Абдуҷаббор рафта будам ва нохост ҳамон мардро дидам.
– Ў худатро шинохт?
– Не, ў маро ҳатто надид. Баробари аз паси оинаҳои сиёҳи баромадгоҳ берун шуданаш вай ҳамроҳи завҷааш дар иҳотаи мардуми ба истиқболашон омада монданд. Гиряву нолаи тарафайн сар шуд ва сипас ҳамагон ба тарафи баромадгоҳи эҳтиётӣ рафтанд. Ним соат пас амаки Абдуҷаббор баромад. Танҳо баъди гусели ў аз телефон – автомати сари роҳи фурудгоҳ ман ба милиса занг задам ва Сорбони Ҳомидро пурсидам. Хайрият ў дар ҷойи кораш набудааст.
– Чӣ хел аниқ намудӣ, ки он мард Маъруф Остон аст.
– Тоҷиддин писари амаки Абдуҷаббор ба суоли банда чунин посух дод.
– Ба кадом суолат?
– Чун он мард ва зан аз баромадгоҳ берун шуданд, ман гуфтам, ки ҳамин мардро ман дар куҷое дидагӣ.
– Тоҷиддин гуфт, ки мо ўро моҳе пештар дар тўйи домодии писари Бахтиёр Боқӣ дидаем. Ана, дар ҳамон ҷо ман ба ёд овардам, ки он шаб дар кўчаи Хуросон ў маро шинохтааст на худатро, чунки ману Тоҷиддин ҳамроҳи вай дар тўйи Шаҳбоз (писари сармуҳаррири рўзномаи «Айём») сари як миз нишаста будем. Ба ростӣ касе дар он маърака чун ў сухан накард. Ҳама аҳли нишаст дар муноҷоти ў:

– Эй худованди бузургу ломакон,
Бар чунин рўзи мурод моро расон…,

беихтиёр даст ба дуо бардошта омин гуфтанд… Ана барои ҳамин ман мехостам ба милиса фаҳмонам, ки он мард гуноҳе надорад ва хуб мешуд, ки онҳо ўро баъди ин ҳама дарду ранҷаш ба ҳоли хеш мегузоштанд.
– Ў гуноҳ дорад ё не мо намедонем. Ба милиса бошад мо бояд хабар диҳем. Модоме ки ў бегуноҳ бошад, бигузор худаш бегуноҳиашро собит намояд.
– Танҳо имрўз не!
– Майлаш ман розӣ.
– Имрўз ҷаноза.
– Кӣ гуфт?

пешина
аз 558
навбатӣ