Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Фирдавс Ҳакимович?
– Ҳа, ман.
– Аз милиса Сорбони Ҳомид шуморо ташвиш медиҳад.
– Хело шодам, ки шумо занг задед.
– Мо муайян намудем, ки вай полковники милиса кист.
– Ман ҳам.
– Хуш, кӣ будааст он кас?
– Хуб мешуд, ки аввал шумо фикру андешаи хеш баён мекардед.
– Он милиса ки то ба имрўз мо гунаҳкораш мешумурдем полковники милиса Ҳотам Илёс аст.
– Вайс Тошмат бо дахолати бевоситаи ҳамин нафаре, ки шумо ному насабашро ба забон овардед, баҳри Насим Ёдгор варақаи корношоямии қалбакӣ тахт намудааст.
– Хуш, чӣ бояд кард?
– Ба фикрам ҳамаи далелҳое, ки мо нисбат ба ў дорем ҳанўз нокифояанд.
– Гумон доред, ки далели дигар ҳам ёфтан мумкин аст.
– Мо ба чунин ранг гирифтани кор бояд умед бандем.
– Шояд аз қафои вай назорат барем.
– Ҳотам Илёс гурги борондида аст ва ҳама гуна кўшишҳои мо бе натиҷа хоҳанд монд.
– Модоме ки чунин аст, пас ба «истиқболи» вай аз дигар кунҷ ҳаракат бояд намуд.
– Соате пас ман ба беморхонаи шаҳрӣ меравам ва бо Асад Ғанӣ дар бораи ба зери назорат гирифтани телефони вай гуфтугў мекунам.
– Чӣ илоҷ модоме роҳу воситаи дигар набошад…
– Роҳи дигараш ин муайян кардани шахсияти қотили Розиқ Амон ва Маҷнуни Замир аст. Маҳз қотил метавонад моро бо супоришдиҳанда шинос намояд?
– Ба гумон аст.
– Далел?
– Ҳеҷ гоҳ Ҳотам Илёс бо чунин як таҷрибаи бойи корҳои ҷустуҷўйӣ бе миёнрав ба қотил рў ба рў нашудааст.
– Миёнравро чӣ хеле, ки шумо огоҳед, ў тариқи тарконидан ба чаҳанам фиристод.
– Дар ин бора ягон далел ҳаст?
– Ҳаст, бале, ҳаст..

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо