Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор –
ро чун посух ба суоли хеш ў ба ёд овард…
... 48 …
Тайиб Аҳмад дар як рўзи бо Сорбони Ҳомид будан дарду доғи милисаро ончунон дарк кард, ки аз гаҳвора то ба ин дам дарк накарда буд.
Ҷаҳду талошҳои милисаро, ки баҳри дарёфти ҳақиқат дасту остин барзада, ғалабаи хайрро бар шар таъмин кардан мехостанд, дида, ҳама гуна талошҳои ҳирфавии хешро дар санъати тасвирӣ чун қатрае дар баҳр дид.
Ҳарчанд аксу мусаввараҳои кашидаи ў бо заҳмати зиёде то ба тамошобин мерасиданд, вале ҳамаи онро танҳо як наққоши азалӣ буд, ки тамошобин чун довари аслӣ ба он баҳои хеш мегузошт. Он ҳама расму мусаввараҳои кашида маҳсули хаёлоти ў буд ва нек буд ё бад ҳаргиз касе аз ў домангир намешуд, он ҷо бошад…
Дар мизони вақт қисмати инсон гузошта шуда буд ва каме хатто ба он метавонист хати батлон кашад. Хате ки дигар на оғозаш дарёбию на анҷомаш бубинӣ…
Ў як рўзи кори хеш сарфи мубориза алайҳи ҷинояткорӣ намуд ва он чӣ ки шунид дар тафаккури инсонӣ рост намеомад.
Сараввал ў дар асоси нишондоди пешхизматдухтари «Олами роз» симои он фарде рўйи лисон овард, ки шабеҳ ба Сталин дошт. Ҳарчанд духтарак нигоҳи он мард ба риштаи тасвир кашида натавонист, вале ў ки аз таҷрибаи рўзгор баҳра дошт, дар асоси он нишондод хулосаи хеш бар он чашмон аз нигоҳи ботин ба қалам додӣ. Маҳз нигоҳи сарди он мард таҷассумгари аслии зиндагиномаи вай шуд. Ҳамин нигоҳ ўро ба Сталин, ки замоне нисфи дунё аз шунидани номаш метарсид ва танҳо баъди марг дар ватанаш ҳам ўро диктатор ном мебурдагӣ шуданд, монанд кард…
Агар ба шунидаҳои хеш бовар намояд он мардро ба ҷуз гург, ки ҷомаи меш ба бар карда бо рама ҳамроҳ шудааст, дигар хел гуфтан нашояд. Сорбони Ҳомид гуфт, ки тафтишот нисбат ба он марде ки банда аксашро рўйи коғаз овардам далелҳое дорад, ки бо табар ҳам буриданашон ғайриимкон аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо