Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй Сорбон, оҳиста рон, к – ороми ҷонам меравад, Ин дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
Ҳофиз бо ин каломи хеш ба торҳои дили мусофирони қатори 13 ҷойҳои «б» ва «г» чунон нохун зад, ки садояш то қиёмат зудуда нашавад. Зан бо нуги рўймолаш ашки чашмонашро пок кард ва мард сар ба зер афканд, то касе ашкро дар чашмонаш набинад. Қариб як ҳафтаи охир онҳо чунон ашк рехтанд, ки ҳисобаш гум ва боз гиряву мотам аз пеш буд. Тайёра аллакай онҳоро аз ҷигарбандашон ҷудо карда буд. Не, онҳо аллакай шаш соат пеш аз Собир ҷудо шуда буданд. Ҷисми Собири онҳоро мисли бағоҷи дигар мусофирон кайҳо ба тайёра бор карда буданд. Ҳатто ба онҳо имконият надоданд, ки то сарзамини аҷдодони хеш паҳлуи ҷисми сарди ҷигарбандашон бошанд. Чӣ илоҷ замин сахту осмон баланд ва онҳо дар миёна.
Дар ҳақиқат ҳам акнун онҳо байни замину осмон қарор доштанд. Марди дар шаффти иллюминатор қарор дошта, аз оламу одам ва дарди ҳампаҳлуҳои хеш бехабар оҳиста– оҳиста хўрок мекашид. Маъруф Остон паҳлуи марди хоб қарор дошт, Ҷамила бошад дар шафти ў паҳлуи роҳрав…
Акнун ин киштии паррон бо суръате онҳоро ба сарзамини аҷдодӣ мебурд. Ин охирин имкони онҳо буд, ки дур ҳам бошанд паҳлуи ҷигарбанди орому хомўшашон бошанд. Аҳли нишастро парвои онҳо буд ё на, касе намедонист. Дар баландии нуҳуним ҳазор метр гўё он лаълии паррон истода буд. Не, дурустараш лаълӣ ба пеш ҳаракат дошт ва шаҳодати ҳамаи ин овози тайёра буд…
Маъруф Остон ба гўшаи чашм ба сўи ҳамсар нигарист, вале ўро сари андешаҳои хеш дида, нигоҳашро ба пеш ба самти ҳаракати тайёра дўхт…
– Ҳар он чӣ, ки ба сари Собирҷон омад, бо гуноҳи худи ман омад. Охир баҳри наҷоти ў банда хуни ду тан бирехтам.
Шояд ҳарду бегуноҳ буданд, вале ман андешаи он накардам.
Гумон намудам, ки ҷони Собирро аз ҷанҷоли марг раҳо хоҳам сохт, бехабар аз он, ки бадӣ назди Худованд мақбул нест. Ман бад кардаму ба балои Худо гирифтор шудам, дигар чӣ ҳам гўям. Як умр ҳақиқат ҷустам ва мисли он шайхе, ки умри хеш болои тахтасанге дар тоату ибодат буд ва бо як сухани куфр дарҳои биҳишт ба рўйи хеш бубаст, ман ҳам қадри сухани хеш надонистам, ки надонистам…

пешина
аз 558
навбатӣ