Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз бадбахтии дигарон ҷустани хушбахтӣ ин нишонаи беақлист мансабталошии вайро дида боре гуфта буд падар.
Ҳарчанд падар ду сол боз дар қайди ҳаёт набуд, вале суҳбат бо Ҳотам Илёс ўро ҳушдор сохт то суханони падар ба ёд биёрад.
Аҷиб, ки ду ҳафта суханони қиблагоҳашро ба гўшаи хотир наовард, вале имрўз…
Бубин, аз баҳри мансабу вазифа шуда, ў чӣ тавр ҳалқаи ресмонро ба гулўи худ баст. Ҳар он чӣ ки дишаб Ҳотам Илёс гуфт агар рост бошад онҳо ҳарду сари як мўй истодаанд.
Мансабталошии ўро на танҳо падар, балки ҳамкорон низ дарк намуда буданд ва агар чунин намешуд ҳаргиз Ҳотам Илёс ба ў муроҷиат намекард. Сабабгори вохўрии онҳо Саид Вафо буд ва аҷаб нест, ки ў дар хизмати милиса қарор надошта бошад. Дар талоши мансаб шуда, ў пеш аз ҳама ба ҷайби бонк даст зад ва баҳри аз байн бардоштани мудири бонк Розиқ Амон саҳм гузошт. Охир пули ба Москва фиристодаи онҳо ин арзиши кори қотил буд. Рафту агар Фаррух Нодир ба сари мансаб биёяд, албатта, камбудии ҷойдоштаро рўйи об хоҳад баровард.
Дишаб ў ҳамин нуқтаи назарро ба Ҳотам Илёс фаҳмонда дод.
– Хайр канӣ бубинем, боз чӣ мешавад? – баъди шунидани ақидаҳои сармуҳосиб гуфт полковники милиса. Дишаб ў ба хона рафт, вале аз банди андешаҳои ботил мижа таҳ карда натавонист. Гумон кард ресмоне дар гулўяш дармондааст ва онро мефишоранду- мефишоранд. Имрўз ҳам бошад ў осуда нест ва ҳамааш шуда аз рўйи чӣ? …Аз бадбахтии дигарон ҷустани хушбахтӣ ин нишонаи беақлист, – гуфтани падарро боз ба ёд оварду зери лаб ғунгос зад:
– Ҳар кӣ нагирифт панди падар, сазои сараш аз ин батар.
Аз суханони зери лаб гуфтааш вуҷудаш биларзид, охир ў бо ин амал дуое баҳри хеш фиристод ва Худо накардаву он дуо мустаҷоб гардад…
То маҷлиси сармоягузорон боз се рўз вақт буд. Агар сармуҳосиб дар маҷлис номзадии хешро нагузорад ҳисоб бояд кард, ки Фаррух Нодир аллакай мудир. Муносибати сармуҳосиб бо собиқ муовин бошад чун мушу гурба. Ҳамин хел осон аз курсии мансаб даст кашидан худро рўйирост ба чанголи гурба андохтан аст. Дар замони дар сари қудрат будани Розиқ Амон касе пишаки ўро пишт гуфта наметавонист ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки ў ва мудир ҳарду аз як гиребон сар бароварда буданд.

пешина
аз 558
навбатӣ