Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рафту дар ҳақиқат ў барои дар хиҷолат намондани шумо ҳамин корро карда бошад чӣ?
– Дар он сурат ў ба таваккали ниҳоят калон роҳ додааст.
Охир мебоист ў қисми аввали роҳро ба тарафи чап нигариста мегузашт, вале ў бошад ҳангоми бо мо рў ба рў омадан нигоҳашро ба самти рост равона кард ва дар ҳамон роҳи лағжонаки оншаба метавонист таги чархи нақлиёти автомобилӣ монад. Аз ҳамин рў, фикр мекунам, ки ў худ аз рў ба рў омадан бо мо тарсид.
– Ин танҳо фикри шахсии шумост ё Шодмони Сафар ҳам чунин фикр дорад.
– Шодмони Сафар чӣ фикр дорад ман намедонам, чунки сари ин масъала ман бо ў баҳс накардам. Фикри шахсии ман ҳамин аст.
– Он мард аз кадом тарафи шумо гузашт.
– Гуфтам, ки қисми дуюми роҳро мо сараввал каме ба тарафи рост нигоҳ карда гузаштем ва чун бо он мард рў ба рў шудем, лаҳзае ба тарафи вай ба самти чап нигоҳ намуда, салом додем ва дар ҳамин асно ў сарашро ба тарафи рост гардонид.
– Шумо бошед ба хулосае омадед ки вай аз шумо тарсид, ҳамин тавр?
– Ҳа, ҳамин тавр.
– Фосилаи байни шумо ҳангоми рў ба рў омадан чанд буд?
– Эҳтимол ду– дуюним метр.
– Оё шумо метавонед симои он мардро ба рассом муаррифӣ намоед.
– Намедонам, вале кўшиш мекунам.
– Дар ин рўзҳо кўшиш ба харҷ надодед то ба суоли хеш посух бигиред, ки чаро он мард дар назаратон шинос намудааст?
– Кўшидам, вале муроде ҳосил нашуд.
– Шахси дар рў ба рўйи шумо омада чӣ намуд либос дошт?
– Ў дар сар кулоҳ ва нимтанаи чармини сурх дошт. Ҳангоми салом намудан, ман мушоҳида намудам, ки гиребонҳои палтояш бардоштагӣ буданд.
– Дар пояш чӣ дошт?
– Ба фикрам туфли тобистона дошт, рангашро намедонам.

пешина
аз 558
навбатӣ