Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Барои ҳамин ҳам шумо пейзажро монда ба портрет гузаштед, – сухани ўро бурида гуфт падар.
– Ҳаргиз ин хел нест, дадаҷон.
– Пас чӣ хел аст?
– Гуфтам – ку мо акнун ба мавзўи «Портрет» гузаштем, барои ҳамин ҳам ман сари ин мавзўъ андеша намудам, портрети ин шахсро, Шаҳноза ба тарафи расм ишора кард, кашидам.
Ман бисёр кўшидам, ки нигоҳи ўро сард ба қалам диҳам. Акнун бигў дадаҷон, ки ба ин портрети кашидаам чӣ ном гузорам?
– Нигоҳи сард.
– Не, нашуд.
– Чаро?
– Чунки бо чунин ном мақсади аслии рассомро фаҳмидан душвор аст. Худатон як фикр намоед, дадаҷон, чаро нигоҳи инсон сард мешавад.
– Намедонам.
– Ана дидед. Рассом пеш аз ҳама бояд файласуф бошад. Ў бояд бо расмҳои кашидааш фалсафаи зиндагиро ба қалам диҳад, дар акси ҳол ўро қиммате намемонад. Маҳз худи рассом бояд номи асрашро гузорад.
– Мо зид не, марҳамат бигўед, ки ба ин расм чӣ ном мегузоред?
– Модоме ки шумо нигоҳи сарди ўро дарк намудед, ман ба ў «Нигоҳи қотил» номгузорӣ мекунам, шумо зид нестед?
Ҳарчанд дили Ҳотам Илёс аз сухани гуфтаи духтараш биларзид, вале ў худро ҳамоно ба даст гирифта гуфт:
– Ҳаргиз не.
Ман боварӣ доштам, ки ин ном мақбули шумо хоҳад шуд.
Охир дадаҷони ман як умр бо ҷинояткорон даст ба гиребон аст, ҳамин хел не?
– Ҳамин хел.
– Ана, барои ҳамин ман нигоҳи сарди қотилро ба қалам додам ва пеш аз ҳама шумо дадаҷон онро эҳсос намудед, чунки дар кори ҳаррўзаатон шумо чандин маротиба бо чунин нигоҳ– ҳои сард рў ба рў мешавед.
– Хайр, хуш монед, – гўён Ҳотам Илёс аз ҷой бархест ва ба фарзандонаш барори кор хост. – Ман ниҳоят монда шудам, – гуфт ў.

пешина
аз 558
навбатӣ