Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модар фалсафаи овардаи писарро ба хубӣ дарк кард магар, ки таъбаш хира шуд ва рангу рўяш канд. Бо азобе ў худро ба даст гирифта, писарро огоҳ кард:
– Шўхӣ шўхию вале аз хотир набарор, ки ту дар оғўши гурба калон шудаӣ ва рафту агар ҳамин суханатро падарат шунавад, ба пўстат коҳ ҷой мекунад.
Ба доно ишорату ба нодон калтак гуфтаанд. Камол низ баъди «шўхии» хеш бо модар қиссаи мушу гурбаро ба гўшаи фаромўшӣ дод. Ба суоли ёру дўстон бошад чунин посух медод, ки ҳарчанд ў касби падарро пеша накарда бошад ҳам бо дуои падар ҳамин касбро пеша кардааст.
Чун падар аз хониши писар огоҳӣ ёфт, ба ў ахсан гуфт ва аз ҷой бархоста сари мизи кории духтараш рафт. Шаҳноза дар курси дуюми Омўзишгоҳи рассомии бо номи Олимов таҳсил мекард ва падар ҳамарўза аз расмҳои кашидаи духтараш воқиф шуда ба ў маслиҳат медод.
Ин дафъа ў болои мизи кории духтараш на расми манзаравӣ, балки портрети шахси ношиносро дид, ки нигоҳаш ниҳоят сард метофт.
– Ин чӣ?
– Портрет.
– Маълум, ки портрет, чаро ки пейзаж не?
– Имрўз мо ба мавзўи портрет гузаштем.
– Оҳҳо…
– Муаллим гуфтанд, ки тахаюлоти бадеии рассомро танҳо баъди ба қалам додани портретҳои кашидаи ў муайян кардан мумкин аст.
– Нигоҳи портрети кашидаат ниҳоят сард омадааст.
– Набошад ман рассоми хушбахтам.
– Ту бе ин ҳам духтари хушбахтӣ.
– Ба ростӣ, дадаҷон, шумо сардиро дар нигоҳи кашидаи портрети ман эҳсос намудед?
– Бале. Барои эҳсос намудани нигоҳи сард пурбин лозим нест, ҳамааш бе ин ҳам айён аст. Лекин хуб мешуд, ки ту ҷони дадош бештар пейзаж мекашидӣ ва зебогиҳои диёрро бо қала– ми хеш тасвир мекардӣ.
– Рассом бояд дар ҳама намудҳои санъати тасвирӣ қувва– озмоӣ кунад, барои ҳамин ҳам ман…

пешина
аз 558
навбатӣ