Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Робиа он лаҳзаро ба ёд оварду дилаш аз фараҳ гум зад…
«Дар хотираи одамон бештар хатогиҳои шахсони мансабдор мемонад на корҳои хуби онҳо. Ва чунин муносибат дуруст ҳам ҳаст: шахси мансабдор барои он интихоб мегардад, ки корҳои хубро саранҷом диҳад, на бадро», – ро ба ёд овард суханони файласуфи Юнони Қадим Демокритро ва оҳи сабуке кашид…
– Ба фикрам ман ҳамон мардро дар куҷое дидаам.
– Чун ба ёд биёред, албатта, бо ин рақами телефон як занг занед, рақами телефонашро навишта ба дасти Робиаи Мансур дода, аз ҷойи бархест нозири минтакавӣ Қудрат Ғайрат.
– Шодмон фардо аз сафари хизмати бармегардад, чун биёяд ман даъватномаатонро ба дасташ медиҳам.
– Хуб мешуд, ки пеш аз омаданаш ба пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ сараввал як занг мезад.
– Ба куҷо?
– Бо ҳамон рақами телефоне, ки ҳоло ба шумо додам.
– Агар шумо дар ҷойи коратон набошед чӣ?
– Дар он сурат метавонед ба 02 занг зада капитани милиса Сорбони Ҳомидро пурсед.
– Ва боз ҳамаи ҳамин суханонро аз нав такрор кардан лозим, ба рости дар ҳамин давраи оғози сессияи зимистона ҳар як дақиқа вақти боймедодагии ман бар зарари худи банда аст. Хуб мешуд, ки ҳамин ҳолатро шумо ба инобат мегирифтед.
– Бояд худатон нағз фаҳмед, ки шароити кор дар идора дигар аст.
– Чӣ хел дигар?
– Аз эҳтимол дур нест, ки аз рўйи суханони шумо «фоторобот»-и он мардро тартиб надиҳанд.
– Майлаш ман розӣ, кадом ҳолате бандаро ҷеғ занед, албата ба милиса ё прокуратура ҳозир мешавам.
– Дар амони Худо монед, – гўён Кудрат Ғайрат аз манзили онҳо бадар рафт.
Тайи чанд соат аст, ки Робиаи Мансур сари он вохўрӣ андеша дорад ва шояд агар он мард таваҷҷуҳи милисаро бедор намекард, дар ду дунё Робиаро парвои ў набуд. Акнун аз рўйи қарзи шаҳрвандӣ ўро лозим буд, ки ба тафтишот ёрӣ диҳад.
Ҳарчанд ҳуқуқшиносон мисли духтурон чун қасами Гиппократ қасам надоранд, вале масъулияти касбӣ онҳоро водор месозад, ки дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ҳама чун як тан аз як гиребон сар бароранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё