Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ана, ҳамин ҳолатҳои кор дар милиса ба ў маъқул нест. Ҳар касе ки як унвон зиёдтар дорад, худро ҳокими мутлақ меҳисобад. Гирем ҳамин Қурбон Дўстро магар ў имконият надорад, ки сараввал маро гўш намуда, сипас боз сари корҳои худ машғул шавад. Чун ў фаҳмид, ки Қурбон Дўст сари нависо
– нависи хеш майна об карда истодааст, саҳфаеро аз хотироти худ, ки ўро ба милиса овард, варақгардон кард…
Ў аслан нияти милиса шудан ҳам надошт, вале дар ҳамсоягии онҳо ҳодисае рух доду ў касби милисаро дўст дошт.
– Он солҳо ба деҳаи Тангаӣ як марди кўҳистоние, ки пештар чўпон будааст кўчида омад. Чун ўро дигар ихтисосе набуд, дар Тангаӣ низ ҳамон касби чўпониро пеша кард. Як писар ва се духтар дошт. Писараш Бекназар ҳамроҳи Қудрат дар як синф мехонд ва ҳарду ҷўраи қадрдоне буданд. Он субҳи якшанбеи нимаи дуюми моҳи январ, ки шабона барф борида буд, модари Бекназар ба хонаи онҳо омада хабар дод, ки касе шабона модагови онҳоро дуздидааст.
Чун амаки Чилла падари Бекназар ҳамон шаб дар хона набуд, бо хоҳиши модар ў ҳамроҳи Бекназар ин хабарро ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурд. Худи ҳамон субҳ ҳамаи кормандони милиса дар бозори чорво буданд ва навбатдори шуъба амаки Зиёратшоҳ Хоҷаев матлаби онҳоро шунида, афсўс бар он хурд, ки ниҳоят дер омаданд ва акнун чӣ мешаваду чӣ не, ў намедонад, чунки соат аллакай даҳ шуда ва бозор ҳам кайҳо хунук шудааст.
Тахминан баъди даҳ– понздаҳ дакиқа милисаҳои дар бозор тартиботи ҷамъиятиро ҳифзкунанда низ як нафару ду нафар вориди бинои милиса шуданд ва аз натиҷаи кори хеш дар бозор навбатдорро огоҳ сохтанд. Қудрат ва Бекназар ҳамин қадар фаҳмиданд, ки ин субҳ дар бозори чорво ҳама тинҷӣ будааст.
Чун лейтенанти ҷавоне вориди шуъбаи навбатдори шуд амаки Зиёратшо гуфт:
– Канӣ дарвозӣ биё имшаб модагови ин ҳамшаҳриатро (ў ба тарафи Бекназар ишора кард)дуздиданд.
– Чӣ хел дуздиданд?– пурсид лейтенанти ҷавон.
– О говро чӣ хел медузданд?– хандида гуфт Хоҷаев ва сипас гурўҳи фаврии тафтишотро дар ҳайати капитани милиса Абдухолиқов, ҳамон лейтенанти дарвозӣ, ки навбатдор ўро Азиз ном гирифт ва эксперт– криминалист Ҷўрабековро ҳамроҳи Қудрату Бекназар ба ҷойи ҳодиса фиристод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё